МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хурӯси ҳамсоя аввал кебида меомад. Сонӣ омада, намерафтагӣ шуд. Аввал мурғон мегурехтанд аз ӯ. Сонӣ ба қуд-қуди донхӯрӣ ё маъзураташ бовар карда ба умеди дон наздаш мерафтанд ва хурӯс гирди мокиён давр мегашт. Оҳистаоҳиста чунон шуд, ки хурӯс сари девор баромада фарёд занад ё даъват кунад, мокиёнҳо он сӯ равона мешуданд; чун зани сабукпо. Аввал мокийи сиёҳи гарданаш зардча рафт. Ду бор – се бор. Сонӣ хурӯс ӯро фирефта, ҳар ҷо – ҳар ҷо қуд-қуд карда, аз сӯрохие гузаронида то хонаашон бурд. Сарвар ин ҳолро дида, сари мокиёни сабукпой бурриду ҳаром дониста назди саг андохт. Саг нахӯрд.
Филмурғи сафед ору номус карда, сӯйи хурӯс рафт ва гардан ёзида, ҳуҷумовар шуд. Хурӯс пас рафту пари гардан дамонд ва ҷаста панҷа ба филмурғ зад. Мокиёни сафед як бор бол кушода зад, писанд нашуд. Бори дигар, ки хурӯс чашми онро дид карда ҷаҳид, сафед низ ҷаҳида дупоя зад ӯро ва ғел гашт таги пой. Зуд бархоста аз нав ҳамлаву ҳуҷум кард. Инак филмурғро бо ҳилаву найранг зада аз пой афтонда соҳиби мулк шудан хост. Ҳама мокиёнҳо зери пой ва қаноташ буданд; чӯҷаҳоро парвариш мекард; аммо хурӯсчӯҷаро рӯйи хуш намедод. Аз паҳлӯяш гузарад меғуррид ё пешандоз карда дур меронд.
Филмурғхурӯс, ки то ҳол фахида, хартум кашол карда, бол аз ду ҷониб фуроварда замин мехарошид, ғуҷ-ғуҷ карда ва ён дода ба хурӯси беадабу авбош наздик шуд, то алами ба маҳбубааш беэҳтиромӣ кардаашро биситонад. Хурӯс аз ширайи муҳаббати чашмгир ҳама чизро якранг дониста ва хешро баҳодури афсонавӣ пиндошта рӯ ба рӯ шуд бо филмурғ.
Ҷаҳид якбора, ки чашми ӯро нӯл зада кӯр кунад.
Филмурғхурӯс, ки аз нангу номус ва орияти хонадон; ҷаҳлу қаҳру ғазаб гардану марҷон ва пӯсти сару хартумаш чу пӯсти бӯқаламун ранг ба ранг мегашт, боли рост ба оварди хурӯс сипар кард. Хурӯси ҳамсоя бархӯрда ба сипар баргашта ба пушт зад рӯйи хок. Зуд хест ва тез-тез ҳуҷум меовард, то аз хартум дорад ё ба чашми пилонааш нӯл занад. Аммо ҳуҷуми пашша буд ба гӯши пил. Ҳамла мекарду зери филмурғ мешуд ва аз таги дум баромада боз ҳуҷум меовард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё