МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Табаддулот шуд. Фатир соҳиби «Калашников» гашт. Бисоти ифтихорӣ дар даст, афзори низомӣ дар тан, рӯзе бе огоҳӣ ворид шуд ба ҳуҷрайи корийи Надир. Қомат рост гирифта, пойҳо андаке кушод гузошта, автомат дудаста дошта, рост менигарист ба чашмони Надир, аммо чизе намегуфт. Надир бисёр қиссаҳо шунида буд дар борайи камондорон, валек ҷуръати навиштан надошт. Аммо нияти дӯст равшан буд...
Ин замон занги телефон баромад. Надир гӯшакро бардошт.
«Ана райис, дар дастам, се варақ. Мебарам...» гуфт ва ба меҳмони нохонда рӯ овард:
– Бубахш Фатирҷон! Читу шуда омадӣ, сӯҳбат накарда, райис аз гулӯ гирифт. Ҳамин коғазҳоро месупораму бармегардам...
Аммо Надир барнагашт: на танҳо барнагашт, назди райис ҳам надаромада, аз даричайи паси бино буромада ғайб зад.
Замона орому осуда шуд. Аммо ду дӯст то имрӯз рӯ ба рӯ наомадаанд.
9.02.07.
ХУРӮСИ ҲАМСОЯ
Як хурӯси хушҳайкали аз ранги сафеду сиёҳ мойил ба кабудча гашта хеле гаранг кард Сарварро. Сарвар чанд мурғ дошту ду филмурғ. Рӯзҳойи ҳавойи хуб мурғонро ба беруни дарвоза меронд, то аз буни буттаҳойи кайҳо боз дасти инсон нарасида кирму чирм ё гиёҳе пайдо карда хӯранд, то сангдонашон бесангчаву шишарезаҳо хушк нагардад. Вале аз ин кораш осуда намегашт, балки безобита ва пурташвиш мешуд.
Хурӯси ҳамсоя қиғу биғ карда аз сари девор парида меомад ва хурӯсӣ мекард: гирди мокиёнҳо мегашт; чӯҷаҳойи наврасидаро пешандоз карда медошт. Минқор ба паси сарашон зада бо зӯрӣ пахш мекард ва фарёдашонро мебаровард. Баройи он аз паси сарашон пахш мекард, ки чӯҷаҳо ҳоло тоҷ нарасонда буданд. Хурӯси пирчаро дуздида буданд. Хурӯсчӯҷайи сафед, ки нав тоҷ намоён карда майли мокиёнҳо мекард ва онҳо писанд накарда нӯл зада норасидаро меронданд, селаро ҳимоя карда наметавонист ва зӯраш ба хурӯси ботаҷрибайи ҳамсоя нарасида, сари дӯнгие баромада машқи фарёд мекард. Аммо мокиёнҳойи тоҷдор, ки аз офтоби фарвардин ба рӯю тоҷашон сурхӣ дамида буд, хурӯси зебо ва хушсуратро майл доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё