МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Валек, чун ба ҳама сахтиву қаҳтӣ, дарду ранҷу азоб одат кардаам, зиндагӣ ширин метобад; ба назарам агар ин чизҳо набошанд, зиндагӣ беранг мегардад; дилбазан, безеб ва монанди ҳамон ҳофизе менамояд, ки ҳар рӯз аз ойинайи нилгун якранг мехонад.
«Як саду панҷ...» гуфту ором шуд мурғи Ҳақ. Умри маро муайян кард. Аммо ман ҷон меканам. Дар чашмонам хоб нест. Мурғак намехоҳад, ки ман хоб кунам. Зеро хобида дар ҳисоби мурда бувад.
Ӯ боз ба ҳисоб даромад. Умри баъди марги маро мешуморад...
22.06.07. Амондара.
АҲД
Гург: Ту донӣ, ки номи ман Гург? Хӯрам – нахӯрам, даҳонам хунолуд?
Саг: Ту донӣ, ки номи ман Саг? Бобову бибиам Гург.
Гург: Ҳамин хел мегӯйиву лекин... ман рафта бузғолайи бастаро гирифта орам, нахуст худи ту фиғон мебардорӣ.
Олам хабардор мешавад. Ту пешпешу камондор аз пушт ба сарам метозед. «Гург бурд!» мекунед.
Саг: Ту озодӣ; худову худодод надорӣ. Ман бандиву бастайи кас. Вазифадор ҳастам, ки чунин рафтор кунам. Агар чунин накунам, соҳибам шуста ҳам намедиҳад. Ё вулгард мешавам ё зери пашшаву кайку кана монда нобуд мегардам.
Гург: Магар озодӣ бадие дорад?
Саг: Озодӣ хуб аст, агар некном бошад.
Гург: Мон ин маталатро. Бобову бибийи ману ту Гург бошад, биё ҳарду якҷоя кор кунем.
Саг: Хӯш?
Гург: Бирав, ресмони бузича раҳо бикун...
Саг: Натавонам.
Гург: Ресмонро бихой, ғӯла бикун...
Саг: Натавонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё