Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Қай кардан мехостам. Вале ҷуз ҳаво аз дарун чизе намеомад. Зӯри набераро бардоштан надоштам. Магар ӯ ҳолу аҳволи маро дида раҳмаш омад, ки ба хона даромад.
Боз рӯйи кат дароз кашидам. Чунон ки тори рубоб аз тарангиву бори гарон тирс канда шавад, як тори дил баргусаст.
Чунин ҳолатҳойи пешазмаргийи ёру дӯстон ва ғамзадагонро бисёр шунида ва ё дида будам, ноҷунбон рӯ ба Осмон хобидам. Чашм ба фалаки ҳафтум медоштам, ки то фикру хаёл ба он ҷо расидан осуда гардам. Ҳай дур будеее... Нури чашм намерасид то он ҷо, магар фикр. Лекин ҷойи фикру андеша набуд; зеро медонистам, ки ҳама торҳо бори гарони фикру андешайи зиёдро бардошта натавониста гусаста мегарданд. Чун тор гусаста шавад, на тор садо диҳаду на садтор. Танҳо нигоҳам ба он баландийи дури дур буд, ки ҳар чӣ расад, аз он баландӣ расад. Хешро ба мурда андохта, нафас ҳам намегирифтам, ки ороми ором бошам; наандешам; чизеро ёд наорам.
Лекин ноаён ҳама чиз аз даруни чашми пӯшида ва мағзи сар мегузашт чун ҳисобот. «Беҳуда...» Хулоса чунин. Аммо кас мехоҳад бештар зиндагӣ кунад ва бештар азобу ранҷ кашад.
Зеро одамӣ баройи роҳату фароғат офарида нашудааст.
«Кулфати ин дунё – роҳати он дунё!» Лек чашмдор набудам чунин озорро. Кор карда, меҳнати зиёд карда азоб кашиданро дар назар доштам. «Умр ситорайи паррон... Ҳар қадар фузунтар дурахшиданӣ бошад, мисли ана ҳамин тори дили ман, якбора канда шуда, дар он баландӣ як хати рӯшан кашида, воруна меравад; як нахи абрранг, сонӣ хокистарӣ ва баъд сиёҳ боқӣ монда ба ранги осмон меомезад...»
Бо ҳар зарабон, ки нав тапиданашро мешунавам, мурғи ҳақ садо медод: «Як, ду, се... як саду панҷ...»Қарор гирифт мурғи ҳақ. Пештар шаборӯз садо кунад ҳам парвое надоштам. Ҳолиё мешуморам. Бо умеде, ки чанд бор «ҳақ» гӯяд, ҳамон миқдор умр хоҳам дид. Бо чунин аҳволе ки дорам, хаёл мекунам ё орзу. Зеро дар дигар ҳолатҳо; бавижа дар ҳолатҳойи сериву мастӣ кас чунин хаёл намекунад; тавонгар ё оламгир ё бемарг метобад. Ҳарчанд донам, ки ин дунёйи «боду абр» киройи зист надорад, зистан мехоҳам. Шояд ягон беҳбудие пайдо шавад, шояд касе ба дунё ояд, ки ба дигар кардани дунё зӯраш нарасад ҳам, тарзи зисти халойиқро дигар кунад; як бор бошад ҳам баройи худ на, аз баройи мардум ҷон канад; ҷон кандани даҳонакӣ не, ҷон кандани ҳақиқӣ.

пешина
аз 344
навбатӣ