Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Гурги доно яқин кард, ки ба дом омада Саг.
Оҳиста сар бардошта низ бӯй кашид. Саг беқарор гашт. Вале пахш карда наметавонист онро. Зеро ҳанӯз рам дошт; вафодориаш нарафта буд ва хешро аз даст надода буд. Масъала пеши ӯ дигаргуна гузошта шуда буд; ҳолиё масъалайи дигар пеш омад. Душманӣ гашт ба ошнойӣ. Гург гардан дароз карда хубтар бӯйид ва аз меҳрубониаш Саг худро гум кард; наздиктар шуд ва фӯк ба фӯк гашта баробар бӯйиданд ҳамдигарро; даҳон ба даҳон шуданд; қад ба қад гаштанд; гурезу дор карданд. Инак фармон дар дасти Гург буд; ҳар қадар дур гурезад, Саг зудтар ба ӯ мерасид ва Гург реб дода наздиктари бузича меомад. Саг ногаҳон ҷаҳид ба пушти ӯ. Гург лаҳзае ором истоду якбора раҳо ёфт ва дум ба замин ниҳода, ба ду пойи ақиб нишаст; чукка зад. Саги беқарор душманӣ фаромӯш кард ва он қадар ба оғӯш кашида беёду беҳанг гашта буд, ки забонаш кашол гашта ба замин мерасид; оби даҳонаш чакидаву шорида, оқибат хушк шуда буд; дилаку забонак мезад. Олуғда гашта, ғаш мекард...
Саг бори нахуст ба пушти ҳамҷинсаш савор шуд ва ҳамон замон фарёдзанон чаппа гашта ба замин зад.
Гурги борондида вазза кард ӯро. Махсус вазза кард, то дардро эҳсос намояд. Иринҷ-иринҷи саг гувоҳи дард кашиданаш буд. Баробари бозистодани Гург ба по шуд ва дум ба дум истод бо вай. Ду душмани қаҳрӣ барин рӯйи якдигар намедиданд. Гург чашмон нимкоф карда ором меистод, вале Саг ҷон меканд. Гург андаке гардан тофта ба Саг нигарист: «Ҳолат ҳамин?» Саг нафаҳмид кинояйи ӯро. Забонаш қариб ба замин расида ҳалқаку дилак мезад.
«Ту асири ман ҳастӣ, биё бо ман!» Вазза карда сӯйи бузғола бурдани Гург Сагро чунин маънӣ дошт. Аммо саг чорпоя ба замин часпида рафтан намехост, ки агар соҳиб дар чунин ҳол бинад, азоби алим он гоҳ пеш меояд: «Камонашро гирифта ҳам туро меандозаду ҳам маро...»
Гург ҷуз нияти бузичаро тӯҳфа ба бачаҳояш бурдан нияти дигаре надошт. Вазза мекард. Саг иринҷос мезад. Забонаш ба замин мерасид. Худаш чун мӯйи оташдида сӯхта ғинҷ мегашт.

пешина
аз 344
навбатӣ