Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Ана бузичаву ту... То ҳуй накунӣ, ҳуй накунам...»
Саг гирист аз қарори Гург. Рӯ ба бузича гардонд. Гург пас тела дод, ки форид Сагро ва дандон ба ресмони бузича зад.
Бузича хӯсида ҷаҳид баланд ва баргашта ба замин зад. Саг ресмонро дуру дароз хойида, ғӯла кард. Бузича гурехта аз назди Гург гузаштанӣ шуд. Дошт Гург. Ва қуфлро раҳо кард.
Саг овора шуд бо хеш...
Бузғола дар даҳони Гург дасту пой зада фарёд мекашид.
Гург сӯйи кӯҳ мебурд ӯро.
Садойи соҳиб баромад. Саги беёд аз тарси соҳиб ба фарёд омад ва аз дунболи Гург тохт. Ба назар гурггир мешуд. Аммо пеш намерафт.
«Гиркиш! Ҳо гир!!!»
Саг нисбати Гург беэҳтиромӣ кардан намехост.
23.06.07. Амондара.

ДУЗД
Саги занҷирбастайи ҷониби бемористони «Харчанг» фиғон бардошта, қад-қад баланд мешуд, то занҷир гусаста меҳмони нохондаро бидаррад. Аммо меҳмон сагро сахт баста дида, нописандона тарбуз зери каши чап меомад. Чун фиғони саг боло шуд, Ҷовидон хабар гирифт.
– Шӯъбайи ҷарроҳӣ ҳамин ҷо? – бепарво пурсид марди парешон.
– Ин ҷо беморхона не, хона, ҳавлӣ.
– Ман Қассоббойро хабаргирӣ... Тарбуз овардам.
– Рӯта сиёҳ накун бо тарбузат. Аз кадом партобгоҳ хӯрдайи беморонро бардоштайӣ.
– Э ака, ман катӣ шӯхӣ накун!
– Шӯхӣ намекунам. Шинохтамат. Як бори дигар ҳам омада будӣ. Ба шӯъбайи корҳойи дохилӣ бурда, супурда будем.
– Тӯҳмат накун. Ман Қассобойро...
– Тӯҳмат? Калиди дар думаш риштабастаро бароварда «Ана ин калиди хонайи прокурор. Хонаашро таъмир мекунам. Ман дузд не» гуфтагӣ ту набудӣ?
– Хайр ман? Чӣ мегӯйӣ?
Ҷовидон, ки муроди ӯро қасосгирӣ дониста буд, нархи сабзиву пиёзро напурсида, кашидаву кушода зад.

пешина
аз 344
навбатӣ