Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

МАНТИҚ – МУАЛЛИМ
Шогирд суолнома гирифта бар курсӣ нишаст. Чун ручка надошт, хомайи саршикаста бароварда, бо чоқу пай мезад, то посухи пурс нависад. Мантиқ-муаллим чун чашмаш ба кори шогирд афтид, рӯзнома ва суолномаро ғун оварда бошитоб аз дари синф баромад. Шогирд, ки феъли устод намедонист, ҳайрон монд. Декани факулта ва дигар шогирдон муаллимро арозгардон оварданд. Ва чоқу аз дасти шогирд рабуданд. Шогирд ҳайронтар шуд.
«Кори ҳамин будааст... Дар шаби торик ба муаллим бо кордча таҳдид кардагӣ ҳамин Раҳмон будааст!» – садойи декан ларзиш мехӯрд.
– Тӯҳмат накунед... Ман нав чоқу аз дӯкон харидам...
Рӯғанаш пок нашудааст... Намедонистам, ки мантиқ-муаллим аз чоқу қимоб будааст...
– Акнун донистӣ?
– Акнун донистам. Хома пай задан маро одат. Хома тарошидан фикри парешонамро ҷамъ мекунад.
– Акнун хотиратро ҷамъ мекунад. – Хулосайи сардори синф буд.
1.07.07. Амондара

ТАҒОВУ ҶИЯН
Ёр Гӯяд: «Тағо – бригадир, ман – хирманкӯб; гоҳи боди гандум дар қатори ҳашт бодгар – хидматгор».
Сарой. Фермайи гови колхоз дар ҳамин сарой ҷойгир. Пода тобистон ба айлох мераваду зимистонро дар ин ҷо мегузаронад. Баройи коҳро резу чош накардан банди гандуми дуруда ба ин манзил кашонда, хирман мекӯбанд. Чиллайи тобистон. Сару рӯй ва торҳойи абрӯву мижгон пур аз гарду чанги хирман.
Бо оби руд ташнагӣ нашиканад; ғубори дар гулӯ баста чун балғами часпак канда нашавад ба ғарора кардану сурфидан.
«Ёр, рав, аз амбори колхоз панҷоҳ кило ангур биёр!»
Амри бригадир – тағо буд. Ёри хидматгузор пиндошт, ки ёрийи колхоз ба бодгарони ҷигарсӯхта аст, хушҳол харро савор шуду сӯйи амбор рафт. Мудир дар коғазе имзойи Ёрро гирифт ва панҷоҳ кило ангури ҳарранга дод. Овард.

пешина
аз 344
навбатӣ