МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳаббаҷигарон ҳамин ангурро дар як нишаст хӯрданд; ҳашт бодгару тағову ҷиян. Лаб пок карданд... Рӯзе мудири амбор калли Ҳумро омад:
«Ёр, пули ангурро кӣ медиҳад?»
«Ман надонам. Касе фармудааст ё хӯрдааст, бояд диҳад».
«Онҳо мегӯянд, ки касе овардааст, бояд диҳад».
«Хуб, ман медиҳам, амак. Ин дафъа бед».
Ёр аз хирвори хирман як халта гандум бардошта, бурда дар посбонгоҳ гузошт.
Соъати ронанда омаду рост ба посгоҳ даромад ва халтайи гандумро дида чизе нагуфт ва зуд мошинашро дар гиронда аз Сарой баромад... Комиссия бор карда овард.
– Ин гандумро кӣ ин ҷо монд? – пурсиданд аъзойи комиссия.
– Ман.
Халтайи гандумро дар мошини Соъат бор карда бурданд.
Сонӣ нозири музофот Саримсоқ-милиса Ёрро дар сечархааш савор карда бурд.
– Ёр, гандумро дуздидӣ-а?
– Не, рафиқ милиса. Надуздидаам. Биргад фармуд...
– Ту медонӣ, ки дар чунин солҳойи вазнин гандум ба хун баробар аст?
– Не. Гандум бо ангур баробар буданашро медонам.
– Чӣ хел?
– Биргад фармуд, ки аз амбори колхоз панҷоҳ кило ангур биёрам. Гуноҳи ман ҳамин ки рафта ангурро овардам. Ҳашт бодгари гушнаву ташна дар як фас хӯрд. Баъди чанд рӯз калли Ҳумро «пули ангура кӣ метияд?» гуфта омад. Мусафедон пул надоштанд. «Касе овардааст, пулро диҳад» гуфтанд. Ба ман алам кард. Пул, ки надоштам, аз номи ҳама ҳамин гандумро бардошта мондам... Набурдаам, нахӯрдаам...
– О ин гандуми момот не, бача. Гандуми кӯб.
Ростӣ аз сиёсату сару либоси рахҳойи сурхдор ва шапкайи сурхи милисагийи Саримсоқ дилам фурӯ лағҷид. «Хайр, ман бо тағом маслиҳат кунам» гуфтам. Зеро дили пур ва пушту паноҳи зӯрам тағо буд. Ангур оварданро ҳам ӯ фармуда буд.
Ба об занад ҳам, ба оташ занад ҳам бояд тағо занад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё