МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Чунин мегуфту хун мегирист падари пир. Ва чашмони писар торафт кушоду фарох мегашт; гӯшаш боз мешуд; рангаш парида арақ пахш мекард ва аз сутурдани он пеши падар шарм медошт; бори нахуст чунин ҳолат дар ӯ рух дод, ки сухан таъсираш мекунад. Ҳайрон буд, ки чаро падар насиҳате мекунад, ки ҳеҷ падар накардааст. «Чаро? Чаро чунин?» Сар андохт, низ гирист.
– Ҳамааш ҳамин?
– Ҳамааш ҳамин.
– Ҳеҷ падар чунин насиҳат накардааст фарзандро.
– Оре. Ман аз тифлиат то имрӯз насиҳат мекардам, ки нек шав, одам шав, некӣ бикун, савод омӯз, кор омӯз ва ҳама некиҳо. Ҳамаашро баракс кардӣ. Тариқи насиҳат дигар кардам,ки...
– Ман акнун одамкуш мешавам...
Гӯши фалак ҳам кар шуд; гӯши падар ҳам. Як пардайи сиёҳ оламро фаро гирифт. Чашмони падар чизеро намедид.
Гӯшаш намешунид. Гӯё набуд. Ё рафта буд ё худро кушта.
Аммо садойи писар ба фалак расид:
«Худамро мекушааам!!!»
5.03.07
БАЪДИ ПОНЗДАҲ СОЛ
«Мулло!»
Ман номи нопуррайи ӯро гирифта фарёд задам. Гарчӣ дар аввал ҳиҷойи дигар дошт, ӯ баргашта нигарист. Гӯё ки ман ӯро нигарон будам ва ӯ маро ҷуста, дида мечаронд, баробари аз дур дида ба дида афтидан «Э!» гӯён хитоб кард ва гоҳи оғӯш кашидан баногӯшӣ кард: «Баъди понздаҳ сол-а?»
– Умри одамӣ.
Пурсон шудем аз якдигар. Вале хеле парешон; ҳарҷозанак буд чу тезгӯяк:
– Ёдат ҳаст, ки дар зимистони қаҳратун касеро нигарон будӣ, гуфтам: «Нигарон нашав намеояд» аммо ту ба ваъда вафо карданӣ шуда истодӣ. Ман ба фурудгоҳ рафта меҳмонро гусел карда омадам, ки ҳоло ҳам нигаронӣ ва гирди лабону канори биниат кабудча гашта буд аз шиддати сармо...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё