МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Баъд омад?
– Ёдам нест.
Воқеъан ӯ мегуфту ман ҳайрон будам ва ҳеҷ чиз ба ёдам намеомад. Сонӣ сухан аз тиҷорату бозургонӣ рафт ва ман чизе намефаҳмидам аз дунёйи ӯ. Ман ӯро хуб шинохтам. Ба назарам, ӯ маро нашинохт. Се бор даст дода хайрухуш кардем, аммо сӯҳбат анҷом напазируфта буд. Ман шитоб доштам. Ӯ низ. Қавл додем, ки воситайи телефон якдигарро пайдо мекунем. Ӯ рақами телефони маро дар телефони дастиаш чид ва пурсид:
– Бозор ё Бозорбой?
– Ман – Сорбон. Бозор дар Амрико...
6.03.07.
ИШҚИ Ӯ МАРО КУШТ
Котиба ба ҳадде зебо, ки ҳуҷрайи корӣ, мизу курсӣ ва компутер зебу оро мегирад; коғазҳо ва зарфҳо ранга мегарданд.
Ҳар кас ба он ҷо дарояд котибаро дида ҳайратзада мегардад ва баъди аз ҳусни ӯ об хӯрдани чашмонаш ба худ омада чизе мепурсад ва ё забонаш мегирад. Котиба сар набардошта ин ҳамаро мебинаду мушоҳида мекунад, аммо чизе намегӯяд; зеро одат кардааст ва чӣ гуфтани онҳоро медонад. Аммо бинанда сурати котибаро мебинаду намедонад, ки дили ӯ чӣ мегӯяд.
Ашки чашми дили ӯро касе намебинад. Аз ин рӯ низ забонгирифта хештанро овора мегардонад бо ҷогардон кардани коғазу пайғоми ҷашнвораҳо. Ва он ки омада ё муроди омад фаромӯш карда ва ё бо амре омада, ки касе фармуда. Котиба ҳам чизе намепурсад, зеро пурсида посух нагирифтан ба дилаш задааст.
Дар сараш андешайи дигар: «Рӯзе хоҳад баргашт... паёми мурдаву зиндааш нест... Бояд кӯҳ ба кӯҳ ниҳону аён бозояд». Лек аз ӯ дарак нест. «Бисоти тӯй ғун меорам» гуфта ба ҷанги Афғонистон рафта буд, хати сиёҳаш ҳам наомад. Дар мӯйи котиба сафедӣ афтод, пешониаш чину ожанг гирифт, наомад.
Пирдухтар шуд, наомад. «Вафо» гуфта, китоб-китоб
«Муҳаббатнома»-йи касонро гӯш накард, наомад. Оқибат...
Фаррошзанак саҳаре ӯро дар ҳуҷрайи корӣ дарёфт, ки сарсинааш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё