Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ОН ТАРАФ ҶАРӢ
– Ӯ-ӯй! Чӣ кор мекунӣ, бача?! Он тараф ҷарӣ!
– Туро баройи чӣ дар пеш шинонидам?
– Фармон дар дасти ту! Хобат барад, ман чӣ кор карда метавонам?
– Ту бояд чунон рафтор бикунӣ, ки хобам набарад! Гуфтам: Фаррух пеш шинад, ту пас...
«Девона нашав!...»
Сухани Фаррух дар даҳонаш монд, ки ба Устод неву ӯро сахт расида буд. Вале Устод чизе нагуфта дари мошинро кушод. Бурун омада хамёза кашид ва мавқеъу манзилро аз назар гузаронида сӯйи онҳо нигарист:
«Моро худо нигаҳ дошт: ин ҷо муқаддасгоҳ ё ҷойи касофат будааст. Туғ бардоштаанд он ҷо. Дар варта мошинҳойи пачақу маҷақ. Ҷойи назаркарда. Чӣ кардаатон пешро гирифтааст?...»
– Ин аз файзи шумо, Устод!
– Бобоҷон айбе надорад. Ин макон ҳамин хел касро мефирефтааст. Мекашидааст...
– Шинед, Устод, вақти фотиҳа мегузарад.
– Не! Фотиҳа пир намешавад. Шумо рафта оед. Ман ҳамин ҷо нигарон меистам.
– Ин хел намешавад, Устод!
– Мешавад. Ё аз дунболатон пиёда меравам.
– Ин раҳи каму ғам аст, ки...
– Фарқ надорад.
– Охир...
– Не-не! Рост мегӯм.
– Э дара пӯш! Равад, мерад; наравад, не!
Сӯйи Фаррух гардан каҷ карда дод зад ронанда. Садойи Устод омад:
– Волло ҳамин мошини Бобоҷонатон самолёт шавад ҳам, пома монам!
Мошин ҳаракат кард.
– Дор-дор! – Фаррух фуромад аз мошин.
– Ту ҳам фуро! – сӯйи Акобир дод зад ронанда.

пешина
аз 344
навбатӣ