МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Боз ҳайвони носипоси дузди баччахор. Ҳоло Холдор аз роғи дар пойида, ҳазор нафрат мехонад; агар аз ӯҳдааш барояд, чун муш аз сараш хойида мебалъад, ки дигар дар олам чунин падар нарӯяд, зӯраш намерасад ё намехоҳад, ки бинадаш.
... Чун моҳи ҳут расад, боз майли ишқварзӣ мекунад модари меҳрубон, чунон ки худойи Замини юнониҳо Рея бо Крон
– худойи Осмон...
3.09.07.
ДАР ҚАСРИ ФАРҲАНГ
Аз осмони толор нур меборид. Толор равшантар аз берун буд. Чунон серодам, ки ҷойи нишаст надошт. Курсиҳо банд буданд. Аммо саҳнайи фарох холӣ. Ҳама дам ба дарун гирифта менишастанд. Дар паси парда ливойи ранга, ки ба ду тараф гашта, ду кабутари сафеди сулҳ шудааст. Миёни ду кабутар нишони тоҷдор. Тоҷи ҳафтситора ба шакли сафинайи рӯйи уқёнуси беохир метобад. Дар паси ин ҳама осмони тира.
Ситораҳо низ шакл доранду нур на. Ин замон равшан шуданд ситораҳойи бешумор. Шоҳи хуҷистафол ба саҳна омад зери кафкӯбӣ. Суруди миллӣ садо дод. Қоматафрохтаҳо боз нишастанд. Паҳлӯйи чапам бонуе ва паҳлӯйи ростам ғӯле нишаста.
Аз ҷониби бону бӯйи атри садбарг меомад. Оҳиста-оҳиста бартараф шуд ин бӯй ва як бӯйи нофори дилгир омад; аз куҷо рӯшан набуд; аз рост, аз чап, аз пеш, аз пас? Муайян намешавад. Сахт дилбеҷогар. Ман хиҷолат мекашам, ки чунин бӯй ба машоми бону низ расида бошад, чӣ гумон мекунад. Теғи чашм мекунам ба ӯ. Роҳат аст ва ду чашм аз маърӯзачӣ намеканад. Ва дар чеҳрааш нофорие эҳсос намешавад. «Худоро шукр, ки намешунавад биниаш...» Худро тасаллӣ медиҳам, ки аз ман надонад. Бӯйи обхона ва хари чанд рӯз пеш мурда барин баробари гармшудани толор авҷ мегирад он нофор. Ба дасти рост менигарам; ба чап, ба пеш, ба пушт. Чунон ки баройи маро шарманда кардан чизи бадбӯйро зери курсиам ниҳодаанд... Бону гӯшайи чашм мекунад ба мани ношинос; ё рамуз мегирад ё аз ман медонад бӯйи бадро. Зери обу арақ мондам ва зери попӯшҳоям хориш кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё