Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хорида наметавонам. Чунин толор ҷойи ин зайл корҳо нест. Ба ҳама нишонҳое, ки дар ин толор ҳаст, менигарам, то хешро андармон гардонам; ба гуфтори маърӯзачӣ диққат медиҳам, то ҳамаро фаромӯш кунам. Намешавад. Касе сурфид аз паси сарам. Ба назарам безобитагийи маро дарёфт: «Масҷид ҷойи гӯ... не...» Бояд бароям. Аммо аз чунин ҷой, дар чунин маврид баромадан қатъан манъ аст. Магар ки бароранд. Ҳоло Бону дуздида менигарад ба ман... Зери обу арақ мондам. «Худоё ҷонамро бигир!» На Бону мешунаваду на дигарон. Ғӯли дасти рост як қад парид. Ба гумон бедор шуд. Як лаҳза бӯй гум шуд.
Бону сумкачаашро кофта шишачае баровард ва сари синаашро нам кард. Димоғам рӯшан шуд. Лек дер давом накард.
Ғӯли дасти рост ғанав карда буд ва даҳонаш кушода. Марди дасти рости ӯ оринҷ задаш. Даҳонашро пӯшид. Акнун ба назари ман аз димоғ ва гӯшҳояш он бӯй мебаромад. Дил беҳузур шуд. Толордорон наздик набуданд, ки худро ба нороҳатӣ зада бароям. Ба ҳар ҳол ҳила кардам: як даст ба даҳон дасти дигар дар шикам дошта, ки ғарора дорам, аз нишастаҳойи қатор бо ишорайи сар маъзарат хоста, бо азобе бурун омадам ва то обхона тохтам, ки ғарора накунам... Нафаси озод кашида, бурун омадам, ки садое ба гӯшам расид:
«Узр, ки ба шумо бад-бад нигаристам. Баъди баромаданатон ҳам ҳамон бӯй буд...»
8.09.07.

КУРСИЙИ ЯКУМ
Дар умрам як бор дар қатори аввал нишаста будам; он ҳам
дар як ҷамъомади мутантан. Аз афти кор ҳамон нишасти ман
ба касе нафоридааст, ки қаторро дигар кардаанд. Қатор
ёздаҳум, вале ҷой ҳамон ҷо: якум. Мани чунин маҷлисҳойи
мутантанро нодида андаке пештар омадаам, ки дар ҳамон
курсийи канорӣ вазнамро партофтам ва дигар ҷунбидан нахостам. Чунин рафтори ман шояд баъзе касонро нафорид, ки
бад-бад менигаристанд. Ё шояд чунин нигоҳҳо дигар маънӣ
дошта бошаду ман ба маънийи он сарфаҳм наравам. Ба ҳар
ҳол дер омадагон аз худашон гиламанд нестанду аз ман малӯл, ки кӯрдунбол шудаам ба роҳашон.

пешина
аз 344
навбатӣ