МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Соъат панҷи бегоҳ шуд.
«Мо меравем!»
«Куҷо меравед?»
«Хонайи Сайёра!»
«Волло хеле шуд, ман ҳам ӯро надидаам...»
15.09.07.
ДИЛУМ, ДИЛУМ, ДИЛУМ-Э!
– Ҳунарманд диданӣ омада буд.
– Ҳунарманд?
– Ҳо, Ҳунарманд!
– Диданӣ?
– Ҳо, диданӣ!
– Бовар намекунам.
– Чаро?
– Ҳунарманд аз қабили касонест, ки мурӣ, дар ҳалқат об намечаконанд.
– Лекин ҳунарманди нотакрор.
– Худо донад, ман ҳам донам, ту низ донӣ, ки ҳунарманди нотакрор. Боз хислатҳое дорад, ки на ту дониву на ман. Танҳо Худо донад.
– Фӯкчухт буданашро медонам.
– Неее... Гумон бурдед, маро диданӣ омад? Неее... Ана баройи ин чиз омад.
Аз зери пардайи кашоли тирезайи ҳуҷрайи «0» рубоби ҷилдаш аз махмали сурхро баровард. Ҷилдашро кашид. Рубоби товусие аён гашт. Сари рубоб сари товуси пӯпакдорро мемонд. Гӯшакҳойи ҳар тор дар он сар тоб мехӯрд. Хотамкорӣ буду садафкорӣ рубоб; мунаққаш метофт. Чашмрабою дилрабо. Навохта натавонӣ ҳам, дида, офарандаашро офарин мехонӣ. Як ганҷи бебаҳо ва санъаткорийи беназир.
«Ҳунарманд даҳони амма не...»
«Инашро медонам... Муроди ман ин аст, ки хислатҳойи паст надошта бошад».
«Одамизода бе камию костӣ намеояд ба дунё».
«Медонам, шумо ӯро хуш доред. Баробари он баъзе хислатҳойи нохубашро ҳам донед».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё