Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Табиби навбатӣ фармуд: «Аз нарангушти пояш овезед!»
Овехтанд. Таноб канда шуд. Ба сар омад.
Айём гузашт. Табибу бемор дучор омаданд. Табиб пурсид:
«Чӣ ҳол дорӣ?»
Бемор гуфт: «Дард ба сар гузашт».
Табиб фармуд: «Аз сараш овезед. Лек эҳтиёт бикунед, то таноб канда нагардад!»
14.09.07.

ГӮСФАНДИ ДАРУНИ ДЕГ
Ҳунармандиашро ҳама медонанд, зихнагиашро бархе. Абду медонад рагкашийи дасти ӯро. Гоҳи аз берун гирифта ба ҷайб андохтан раги дасташ кушода мешавад; гоҳи аз ҷайб бароварда, сӯйи касе ёзидан раги дасташ мекашад; то ҷое, ки базӯр ба кисааш мерасад. Абду гумон дошт, ки ҷаҳонгард шуда, зиёд хони неъмат дидааст. Бӯйидаасту чашидааст. Шояд дигаргуна шуда бошад. Аз ин рӯ меҳмони фарангиро ба хонайи ҳунарманд бурд. Ӯ даҳмардагӯйӣ кард аз сафару аз ҳунар.
«Меҳмон ҳанӯз чой нахӯрдааст» баногӯшӣ кард Абду.
Ҳунарманд чизе нагуфта, дамбадарун баромад. Чаппотие овард ва дар косае шакар. Як чумчаю як пиёла. Мисле ки ноштойи кӯдаконаш бошад. Боз нағма пардохт.
Абду дандон месойиду ангушт мушт мекард аз чунин меҳмоннавозӣ.
Касе дар кушода чойники чой дарун гузошт ва баргашт.
«Ӯй! Меҳмон ношто накардааст...»
«Сари гӯсфандро буриданд...»
Соъат ёздаҳ шуд. Чашмони меҳмон роғ мерафт ва шиками Абду танбур менавохт.
«Ӯй!...»
«Пӯсташ канданд...»
Соъат ду шуд. Меҳмон бурун омад аз хона. Сигарет дуд кард. Нағма намефорид ба гӯшаш. Боз даромад. Абду аз гиребони Ҳунарманд гирифта ба девор рост карда буд:
«Ӯй!...»
«Гизала нашав, дар дег андохтанд...»
«Ношургит... Туро одам гуфта, меҳмон овардам».

пешина
аз 344
навбатӣ