МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Айнан чунин мақом дар сари Шайдост. Намедонад ин қадар садо аз куҷо меояд. Садойи гӯш пиндошта, ангушт ба сӯрохийи гӯшҳо медорад, тағйиротеро эҳсос намекунад. Пас чунин садо дар мағзи сари ӯст ва зиллаҳоро бадном мекунад. Муттасил садо медиҳад ва пури пур мегардад сараш, ки ана-ана ё пуффаки олам ё мағзи сари ӯ метаркад...
Шайдо санг мезанад досро. Хиш-хиш... садойи паст меояд.
Зӯру тавони ӯро ошкор карданист. Ин садо сарборист ва нофор.
Ончунон тафсондааст ҳаво, ки хар аз наҳорӣ монда, бинӣ меафшонад ва фӯк, дасту пову думак зада магасу хомӯшак меронад. Боз чу кас андешаманд аст; чашмонашро пӯшида, хоб рафтанист, то оне осуда гардад дар ин дунё. Лекин ташвиш ва озори дунё тамомӣ надорад. Аз ғур ё яғири зери полон зардоб тароват ҳам ба пушти ӯ бор кунанд бор. Бо ҳар ҷунбишу ҳаракатҳойи он хунхорҳо як мепаранду боз ҳуҷумовар мешаванд... Дар ин дунё ба кас ё ба ҷонварони рӯйи замин рӯз набудааст. Ғузи хунхори баднеш ба сару гардан, думғоза, зери чатан ва ҳар ҷойи ростомада нишаста, хуни хар мемакад ва хуншор низ мекунад. Мефиркад хар ғузи дар биниаш нишастаро ронданӣ шуда. Ва сахт-сахт сум мекӯбад заминро. Агар побанд надошт, аз ҷабри хунхорийи хармагас кайҳо чорхез гирифта, деҳа рафта, хештан дар сояйи дарахт ё деворе гирифта буд. Торқатфарсост тафсойи дашт.
Писарак низ соя меҷӯяд. Аз дарёфти мушоҳидаҳойи кӯдаконааш ҳайрон, вале ба таги маъниҳойи кирдору рафтор намерасад. Ҳолиё ҷуз об ва соя чизи дигаре лозим нест. Дар сояйи хар ҷой шуданист, аммо нооромийи хар ва пову дум заданҳояш метарсонадаш. Мабод, ки аз ҷабри ғуз лагад занад ё қили думаш ба чашмаш хурад. Чаро омадааст? Шояд аз руйи ҳавас ё амакро ҳамроҳ. Лек аз чунин ҳамроҳӣ суде нест.
Харро дошта наметавонад; бо доси чапайи амак хору бутта дуруда наметавонад, зеро ӯ чун амак чапағай нест; банд бастан наомӯхтааст; аз чашми хор худро эмин гардониданро намедонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё