МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Чашид. Боз чашид...
Ним соъат гузашт. Назрӣ ҷунбид ва вазн аз замин бардошта нишаст. Дигарон мушоҳидааш мекарданд. Баробари ба пушти модгов паридани буққа аз ҷояш парида хест ва ба касе нигоҳ накарда, сӯйи хонааш тохт. Ба хар ҳам савор нашуда пиёда тохт, ки зудтар мерасида бошад. Раҳораҳ дар сараш ҳазору як андеша буд: «Кош занам дар хона бошад...»
12.03.07.
МОДАРИ ПИР
Мастон модари пир ба кохи «Ташхис» овард.
Пизишкдандон: «То дандонҳойи очаро наканем, ташхис муайян намешавад. Кандани ҳар дандон панҷ сомонӣ».
Гурдапизишк: «Ҷарроҳӣ накунем, гурдаҳо аз кор мемонанд».
Дилпизишк: «Хунашон вайрон».
Оча дар остонайи ошёнайи чаҳорум лақу дақ монд: «Биё, гардем, Мастонҷон! Буд-набуд, зӯрам намерасад. Ҳамайи инро бардошта наметавонам».
– Ин хел бошад, аз дандон сар кунем,оча?
– Дандон гӯр-ба...
– Яке вақти хобатон решакан шуда дар ҳалқатон наравад, ки дар балойи додаратон тағо-Даврон монам.
– Намедонам... Намедонам... Духтур ягон чиза медонистагист, ки мегӯяд?
Он рӯз се дандон канд пизишк. Мастон очаро ниммурда овард то хона.
– Чӣ кор кардед? – пурсид Тағо.
– Се дандон канондем.
– Се дандон канондед?
– Ҳа, се дандон канондем. Ҳар кадомаш панҷсомонӣ.
– Боз панҷ сомонийи дигар надодӣ, ки каллаашро ҳам канад?
12.03.07.
ГАДО
Ӯ чорпо мегардад: ду пойи равон дорад, боз ду асобағал гирифта мегардад. Лек асобағал баройи вазнашро бардоштан кӯмаке намекунад, балки бори зиёд дастонашро ва ҳатто пойҳояшро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё