Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

бар мизи корӣ вазн андохта ва сараш яктарафа, чашмонаш боз сӯйи дар нигоҳ карда, ҷонаш баромада буд ва пеши рӯяш коғазпорае:
«Ишқи ӯ маро кушт...»
10.03.07.
ШАВҚАНГЕЗ
Ба буққаҳойи зотӣ доруйи ангез медоданд. Баъди ним соъат буққа каллайи гарон бардошта таги думи модговро бӯй мекашид ва вазни яктоннагиашро бардошта ду даст бар он бор мешуд. Мардони ҷавони фермаро ҳаяҷон пахш мекард, пирон «оҳ!» мекашиданд; занон дар хонаҳо ҷой шуда аз тирезаҳо ё сӯрохиҳойи оғил мепойиданд. Маъракайи шодмониро мемонд. Байтору говпизишк ва подабон арақшор ин маъракайи муҳимро мегузарониданд. Аммо Назрӣ дар ҷойи каҷпаҳлӯзадааш эзор дар арақ тар карда буд: даҳонаш воз ва чашмонаш буққаро сӯрох мекард, ки боз кай мепаррад. Сонӣ арақи пешониашро бо пушти даст сутурда, рӯ ба подабон овард:
«Чӣ дорад ҳамун дору, ки вазни яктоннагиро фишангвор мебардорад?»
«То онро начашӣ, намефаҳмӣ. Донайи арзан барин ё як сари забон бичаш...»
«Э, не-йе!»
Кабк аз садойи худ тир мехурад; ӯро миёна гирифтанд ва ба гап афтонданд.
«Ана, гули зағир барин» гуфта пизишк дароз кард ба Назрӣ шӯхиомез.
Назрӣ аввал сар тофт. Сонӣ гирифт. Дар дӯлча об оварданд. Назрӣ хӯрд. Ва хеле бо ҳаяҷону изтироб таҷанг гашта диққат медод, ки чӣ мешавад. Даҳ понздаҳ дақиқа гузашт.
Чизе рух надод. Дигарон ҳам тангу таранг гашта буданд, ки чӣ шавад бо Назрӣ.
«Вай – дору баройи ҳайвон. Доруйи инсон дигар.» Фармуд подабон хешро ниҳоят доно гирифта, ки ҳама қойидаву қонуни чорводориро медонад.
Назрӣ ҳанӯз ҳам каҷпаҳлӯ зада буд.
«Андаки дигар бичаш!»

пешина
аз 344
навбатӣ