Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Даст наёзӣ, падарат ҳам чизе намедиҳад.
– Не-не! Ту моро шарманда кардӣ!!!
– Худо ба ман чунин касб додааст. Ин шармандагист?!
– Не-не! Ту моро бадном кардӣ! Ман кӯча баромада наметавонам!
– Хайр, набаро! Падарат аз пули гадойӣ туро мехӯронад!
Падар чигасҳояшро такя ба девор гузошта, рӯйи остона нишаст.
Писар чашмонаш беҷо ба ҳар гӯша менигарист. Чизе меҷуст ва ё коре кардан мехост. Ва якбора чигасҳойи дар девор такя гузоштаро рабуда бурун аз девори ҳавлӣ андохт. Падар зуд бархост ва чолок тохта буруни дарвоза баромад ва чигасҳоро ба сар бардошта аз дарвоза даромад. Писар набуд.
... Рӯзе чун дарвозаро бо нӯги чигас тела дода, кушода ба ҳавлӣ даромад, писарро дар шохи дарахти хурмо овехта дид.
Пеш тохтанӣ шуда, ба чигаси уреб доштааш пешипо хӯрда афтид ва пешониаш ба марзайи бетонӣ бархӯрда дигар барнахест.
13.03.07.

БАЗМ БАРОЙИ ДУ КАС
Абдулло ба хаёли худаш ягона касест, ки ҳаққу ноҳақро дар рӯйи одам мегӯяд. Ва инсон бояд ҳамин хел бошад. Вагарна номаш одаму худаш шайтон ба шумор меравад; ба хусус шоъир шуданӣ бошад, нахуст поку нексиришт бошад. Аз ин хотир рӯ ба рӯйи қасри «Адолат» истода соъатҳойи дароз гуфта дилашро холӣ медошт, сонӣ бо роҳрави миёнайи хиёбони марказийи шаҳр қадам зада ҳама гуфтаҳойи дар ёдаш мондаро такрор мекард ва ҳукм ҳам мебаровард, ки ғайри ӯ касе чунин ошкору фошофош ин ҳарфҳоро гуфта наметавонад. Гоҳе дар роҳ ӯро боздошта, шиносҳо эрод мегирифтанд, ки ноҷогӯйӣ мекунад; ба як сағирайи детдомӣ кӣ мондааст чунину чунон гуфтанро? Посух медод: «Моро чунин таълим додаанд; адабиёти гузаштаамон ҳам чунин фармудааст:
«Ҳақро бигӯй!» Чун дар шаҳр як қаср буд, низ бори дигар рӯ ба рӯйи он бинойи мӯҳташам истода, сухан мегуфт: «Ман рудамро – Панҷро «райиси рудҳойи ҷаҳон» гуфтаам, касе эътибор намедиҳад!

пешина
аз 344
навбатӣ