Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Як райиси колхоз дар маърака пайдо шавад, ҳама аз ҷой мехезанд!»
Ӯро ба идорайи дахлдор бурда бозпурс ҳам карданд; ба девонагӣ бароварданд. Баъди он ӯ дар ҷое кор накарда хешро ба девонагӣ зад: хиёбонро аз таг то боло ва аз боло то поён гом мезад ва истода-истода худ ба худ ваъз мегуфт, ки танҳо девона метавонист чунин рафтор кунад. Дар сармо як палтойи кӯтоҳи аз сари линг мепӯшид; палтойи даврони донишҷӯйиаш. Он солҳо аз сари линг либос пӯшидани духтарон ё ҷавонон мӯд буд; «Стиляг» мегуфтанд. Ба замми он қаду қомат ва тану тӯши ӯ мисли пештара: ягон ангушт қадаш наёзидааст, чени пуффак шикамаш надамидааст. Ҳамон палтойи кӯҳна дар танаш қойим.
Абдуллоро ҳолате фаро гирифта буд, лек худаш пай намебурд: шарикдарсон, ошноҳо, ҳамсӯҳбатҳо аз ӯ хешро канор мегирифтагӣ шуданд ё гурезон. Агар рӯ ба рӯ омада монанд, бо оҳанге пурсупос мекарданд, ки дилашон ба ӯ месӯзад; зеро эшонро ҳолати Абдулло раҳмовар аст. Осема пурсупосух мекарданд ва зуд ҷудо шудан мехостанд. Дуртар рафта гаштаву баргашта ба пас нигариста, рафтори ӯро диданӣ мешуданд. Ва ҳаргуна фикру андеша ва пиндорҳоро аз зеҳн ё сар мегузарониданд. Аммо Абдулло рост мерафт; андешаҳое, ки онон доштанд, намефаҳмид ё аслан намедонист, чунин андеша ҳам надошт. Якрост мерафт; ба сӯе ё кӯчаву тангкӯчае каҷ нашуда.
Абдулло як дӯсти дигар ҳам дошт: Алихон. Ягон бор нашудааст, ки Абдуллоро дида, рӯй панаҳ карда бошад. Ҳатто дар роҳи хиёбон ӯро бинад, савора бошад, мошинро боздошта фуромада вохӯриву ҳолпурсӣ мекард ва дар кисайи палтойи кӯҳнааш даст андохта чизе мегузошт ва мегуфт: «Биё, хабар бигир!» Ин сухани кӯтоҳ маънийи зиёд дошт ва бештар ба ҳоҷатбарорӣ даъват мекард. Баъдҳо мушти азими Алихон ба ҷайби ӯ намегунҷидагӣ шуд; зеро марди барбастайи кулангӣ ва расоқомати китфу бозӯдор шуда буд ва мувофиқи ҳайкалаш ҳиматаш низ боло рафта буд: «Абдулло, костум бихар; кавш бихар; каллапӯш бихар; шиму курта бихар!... Палтоят фарсуда шудааст...» пул дода мегуфт ба ӯ. Абдулло табассум мекард: «Палтойи донишҷӯйӣ».

пешина
аз 344
навбатӣ