Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Абдулло баргашта дари кушодаашро пӯшид ва садойи «дародаро!»-йи Алихон баромад.
«Одами гуфтаам ана ҳамин кас» ба Абдулло ишора карда, ба ҳамсӯҳбаташ фаҳмонд вазир ва афзуд: «Ту дербоз мехостӣ, ки ҳамчун шарикдарс ба ман ягон хизмат бикунӣ. Хизматро ана ба ҳамин одам бикун! Чӣ хеле, ки ба ман хизмат кардан хоҳӣ, ҳамон хел».
Баъди чанд рӯз боз Абдулло пайдо шуд: тамоман каси дигар метофт: «Одаму либос» гуфтаанд. Алихон дар дил шодӣ дошт.
– Либосҳойи кӯҳнайи ман куҷост?
– Сӯхтанд.
Абдулло сар андохт ва хеле хомӯш монд. Алихон пурсид:
– Ягон ҳуҷҷат буд дар кисааш?
– Нобуди ҳуҷҷат... Пеш маро дар он либос дида баъзе ошноҳо як сум – ним сум медоданд. Ҳоло мегӯянд, ки доро шудайӣ, ту моро бидеҳ...
Алихон даст ба киса бурд:
– Ин пулро бигиру ба чойхонайи «Роҳат» бирав. Баройи ду кас хӯроки шом фармо. Ман соъати шаш меоям. Шастсолагиатро ҷашн мегирем...
14-15.03.07.

ХУДО ҶОНАМРО НАМЕГИРАД, КИ...
– Чӣ ҳол доред, хоҳар?
– Худо ҷонамро намегирад, ки халос шавам...
– Ин хел нагӯед!
– Ҳамин хел, додар. Ҳаштод сол азоб кашида, зиндагӣ кардам. Бачаҳо калон шуданд. Акнун роҳат мебинам, гуфта будам, ки ба ин дард гирифтор гаштам.
– Духтурҳо чӣ мегӯянд?
– Рӯзҳойи башумор мондааст, мегӯянд. Ба ин гапашон ҳам нӯҳ моҳ шуд.
– Хафа нашавед, апа, духтур Худо нест ва рӯзи Худо бисёр. Худо хоҳад, нағз мешавед.
– Не, нағзшавӣ надорад. Хок нағз мекунад. Дигар ҳама беҳуда. Дилдорӣ чизи нағз. Рӯйи одамӣ гарм, сухани талхро ҳам ширин карда мегӯянд.

пешина
аз 344
навбатӣ