МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Мурданро зиндагӣ хаёл мекунанд.
15.03.07.
ҲАЙКАЛИ СИНО
– Шумо мегӯед, ки баройи ин асарро навиштанам, кӯҳистониҳо ҳайкали маро гузоранд. Мулло Боқӣ ба муносибати ҳазорайи аллома Ибни Сино нимпайкарайи ӯро дар саҳни бемористон гузошт – аз гаҷ. Шикастандаш. Муллоро ба шиканҷа кашиданд. Аз кор сабукдӯш карданд. Инфаркт гирифт. Фалаҷ шуд. Худи Сино ҳам мадад расонида натавонист.
– Замона дигар буд. Ҳолиё замони озодӣ. Ҳайкали ҳар киро хоҳед, мегузоред.
15.03.07
ПОДАБОН
Подабон ҳама говҳоро мешиносад; имрӯз дар пода кадом гов нест, пай мебарад. Навъ ва ба кӣ тааллуқ доштанашро медонад; аз рӯйи рангу андому рафтораш баҳо медиҳад; говҳойи ба соҳибонашон монандро ҳам сахт нигариста суханашро мегӯяд. Подабон дар муҳиту ҷамоъа бузургтарин кас. Зеро дар ҳаёт касоне ҳастанд, ки бачайи худро намешиносанд ё падарашонро ва ё модари зорашонро, ки ӯро нӯҳ моҳу нӯҳ рӯзу нӯҳ соъат дар қад бардошта, бо сад азоб – ҷон дар кафи даст, зода, бо кадом сабабу шаройитҳойи мубҳаму нофаҳмо дар зойишгоҳ партофта рафтаанд. Инак ӯ бузург шуда, донистааст, ки модари зойида, вале шир надодааш кист? Бинад ҳам намешиносад. Аммо Подабон на танҳо ҳар говро мешиносад, ҳатто дар куҷойи танаш чӣ аломате дорад, медонад; дар торикӣ ҳам он чорпоро мешиносад. Лек аз шохи тезу чуккайи буққа метарсад. Зеро на танҳо говҳойи ба табъи нозукаш нафорро зада сағраву гардан ё думғозашонро чок мекунад, балки шикамашонро сӯрох карда ё дарида рӯдаву рӯбчакашонро мебарорад: буққачаҳойи чолоку чаққонро ҳамин хел мекунад, баъзан модговҳойи нофармони саркашро.
Соҳибони осебу зиёндида подабонро сарзаниш кунанд ё товони говашонро талабанд, «Илоҷ надорам; Буққайи Райис!»
мегӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё