Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Буққа чунон аз худ рафт, ки подабонро ҳам нашинохт. Рӯзе гоҳи обхӯрӣ бурдани пода, бо нӯги шохи тезаш ҷомайи подабонро бардошт. Подабон ба шохи ӯ асо зад. Буққаро сахт расид. Ситезид. Дуртар рафта ҳуҷум овард ба подабон. Сар хам карда ду шохи тезу чукка дунайза сохта ҳамлавар шуд ва рост шиками ӯро дид карда омад. Подабон асо гардонида онро боздоштанӣ шуд. Аммо натавонист. Подабонро зада дусинона шикамашро шикофт. Ду шохи тезаш аз пушт баромада, ба дарахте бархӯрдху фурӯ рафт, ки бозгирифта натавонист.
15.03.07.

ЧИЛТОҶ
Бори чилум аст, ки Чилтоҷро назди табиб меоранд. Ин мурғаки жола – хол-хол сиёҳу сафедро – шояд дар обрав ягона бошад, зуд-зуд назди табиб меоранд; мурғак бемор нест ё руҳан азоб намекашад, балки аз баройи беморони дигар меоранд; дар халтайи бозорӣ андохта меоранд ва ҳар бори овардан табиб як кӯҳайи тоҷи ӯро хунӣ мекунад. Тоҷаш сурх.
Рухсору ғабғабааш ҳам. Гӯшаш сафед. Миёни ин рангҳо чашмонаш сиёҳ метобанд. Нӯлу пойҳояш зард. Парҳойи аз ҳама баланди думаш чун матоъи бодбони киштӣ таранг кашида ё ҳамранги қарси сафеди сари табиб аст. Аммо пойи табиб маҳсийи сиёҳ дорад; куртааш ҳар рӯз ранг ба ранг иваз мешавад. Либоси Тоҷдор ҳамон ки буд, ҳаст.Худи табибзан фармудааст чунин мурғро. Зеро бори нахуст, ки бемори файзободӣ чунин мурғро овард, табибро хуш омад.
– Аз куҷо ёфтед?
– Аз фабрикайи мурғи Файзобод.
Азбаски чунин мурғро очааш дигар намезояд, бозор мераваду боз назди табиб меояд ва нархаш ҳам чун нархи ивази доллар боло меравад; аз нархи дигар мурғони бозорӣ фарқ ҳам мекунад. Онро касе мегирад, ки табиб фармудааст. Мурғи зебо бошад ҳам ошиқони мурғи хуб намехарандаш, зеро нархаш гарон. Чунки чил тоҷ дорад ва кулоҳи хонумҳойи румӣ барин пастаки нисбатан ҳамвор; пардор ҳам метобад.
Нахуст беморе ин мурғакро назди табиб овард, тоҷи аз ҳама баландашро хун карду ба пешонийи бемор холи ҳиндӣ канд ва мокиро ба худ гирифт.

пешина
аз 344
навбатӣ