Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

БАҲОНА
– Гоҳи маҷлиси Намояндагон чаро хоб рафтед?
– Дар бисёр маҷлисҳо ҳузур доштам, теле як бор нишон надод. Ин бор хобидам, ки зоро теле нишон диҳад.
3.04.07.
БӮЙИ ВАТАН
Одина дар Афғонистон хизмат мекард дар гурӯҳи пештоз.
Рӯзҳойи аз кор озод буданаш бо кӯчайи ошно суйи бозор мерафт. Пирмарде риши тоҷикона дар манаҳ бар хараки беруни дарвоза менишаст ва ёде аз ниёгони водийи Зарафшон меовард. Ҳар бор, ки Одина аз роҳ мегузашт пирмард дида ба ӯ дӯхта бо нигоҳи хеш ҷавони ношиносу ноошноро то хамгашт мегуселонд. Одина мувофиқи касбу вазифааш ҳама ҳаракатҳойи ӯро медиду рамуз мегирифт. Аммо чизе гуфта наметавонист. Зеро гоҳи пур кардани варақайи аъмол паҳлӯйи «Дар хориҷа табор ё шиносе доред?» «На!» навишта буд... Чун зиёд мегузашт боре нигоҳи якрости пирмардро дида ба ишорайи сар «салом» дод. Пирмард низ бо ишорайи сар алейк гирифт ва аз дил гузаронд: «Мақоли халқӣ ҳаст: Харе, ки бор надорад, иш магӯ!» Аммо боре аз борҳо пирмард посух ба ишорайи сари ҷавон даст пеши бар хест ва забон кушод:
– Ота, аз куҷо мешавед?
– Аз Шӯравӣ.
– На. Аз Кадом маҳалли тоҷикнишин?
– Аз Самарқанд.
– Ҳааа... Эҳсос кардам, бӯйи Ватанро.
– Ман ҳам пай бурдам, ки шумо аз ҳамон обрав ҳастед.
– Чӣ тур?
– «Ота» гуфтед. Мо низ падарро ота гӯем. Пирон чун шумо дами дарвоза харак сохта, дам гиранд.
– Ман аз Боғи Баланд.
– Боғи Баланди Самарқанд?
– Бале!
– Чун ба ин ҷо афтодед?
– Қиссааш дароз... Солҳойи Инқилоби Бухороро ба ёд оред...

пешина
аз 344
навбатӣ