Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Саропойи Одинаро арақ тар кард. Рангаш ҳам канд. Курта ба пӯсташ часпид. Пирмард вазъу ҳоли ӯро пай бурд: «Имкон ёфта ягон вақт биёед, отаҷон. Дарвозайи мо ҳама вақт кушода...»
Одинаро чунин сухан лозим буд. Зеро медонист, ки аз кадом гӯша контрразведка чашм медавонад. Ӯ чанд муддат аз ин кӯча гузар накард. Балки бо роҳҳойи дигар то бозор мерафт. «Шуморо ташвиш додам, отаҷон?» Гӯшҳояш садо доданд, аммо танаш ларзид. Муддате баъд ба худ омада гардан тофт ва пирмарди шиносчеҳраро дида, тааҷҷуб кард: «Либос чӣ оройишгар аст?» Ба назараш тамоман дигар тофт ӯ:
ҷавонтар, озодатар ва чолок; пӯшоки афғонӣ дорад дар тан ва дастори пишоварӣ. «Гумон кардам ба ватан баргаштед ва маро фаромӯш кардед».
– На, соҳиб! Ишколе пеш омад ва маро ба Қандаҳор фиристоданд.
– Ҳааа... Пиндоштам ба Ватан рафта, бӯйи Зарафшон овардед. Бӯй кашиданӣ будам...
Одина дарку эҳсос мекард дарди пирмардро, худаш низ пазмон шуда буд бӯйи диёрро. Бо ҳамватани дар солҳойи мудҳиш фирорӣ шуда, то ҳаштодсолагӣ заҳри ғурбат чашида сӯҳбат оростанӣ буд, лек пай мебарад, ки корманди шӯравӣ аз ӯ канора меҷӯяд.
– Кай ба ватан баргаштаниед?
– Номаълум...
– Агар, ки ба мураххасӣ рафтед, Боғи Баланди Самарқанд равед. Боғи анҷир ҳаст. Аз соҳиби он боғ пурсида як каф хок гиред ва маро оред.
Одина дарёфт, ки пирмард «атри кафан зи хоки Ватан орзу дорад». Хеле сукут варзид. Ҳамон арақи ҳаяҷон боз саропояшро тар кард. Пиндораш: аз кадом дидгоҳ пурбин ё дурбине ба сӯяш нигаронида шуда буд.
– Шуморо огоҳ хоҳам кард, соҳиб...
Чашмаш ба чашми пирмард рост омад, ки зиёдтар аз арақи тани ӯ сиришк метаровид.
Одина чизе гуфта натавонист. Сар андохту рафт.
Пирмардро низ арақи сард пахш кард ва дар курсийи назди қуттиҳойи ширинворийи самарқандисохт нишаст. Набот, ҳалво, печаку парварда, оби дандон, оби набот, ҳалвойи мағзӣ ва бисёр чизҳойи дигар рафи дӯкони ӯро зебу оро дода буд.

пешина
аз 344
навбатӣ