МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ёсуман баланд хандид бе ҳеҷ андешаву мулоҳиза. Бурун омад, ки Некрӯ нест. Зеро ӯ кӣ будани Афсарро медонист: нисбати Ёсуман. Бояд аз хидмати ҳарбӣ биёяду базм ороста, Ёсуманро дар мошинаш савор карда, барад. Аммо ишқи кӯдакии поку соф, вале армониву хаёлии Некрӯ набояд ба ин кор роҳ диҳад. Ӯ бояд диловарӣ бикунад ва чун қаҳрамонҳои афсонавии бобояш ба ин кор роҳ надиҳад; Афсари ҷавону болобаланду тануманд ва абрӯсиёҳи хандонрӯро бояд аз миён бардорад. Ва Ёсуманро бигирад. Ангушт мушт кард, бозӯ дамонд, қад кашид. Аммо ақлаш ба коре надавид; аз дасташ чизе наомад, боз давид сӯйи хонаи Ёсуман.
Дами дарвоза такрор кард: «Ёсуман, барраву очаашро гирифта ба хонаи мо биё!».
Модари Ёсуман пайдо шуд ба дарвозахона. Наздик омада сари ӯро сила кард:
– Некрӯҷон, Афсар аз аскарӣ омадаст. Ёсуманро мебарад...
Шакарханда гуфтани модар теғе буд, ки дили нозуки писаракро чок кард. Ӯ хомӯши хомӯш монд дурудароз ва зери абрӯ теғ кашида ба Ёсуман нигарист, то чӣ фармояд. Аммо худи ӯ дар чашми Ёсуман об гашт; хурд буд, хурдтар шуд; ба замин фурӯ мерафт; гӯё хок мекашид. Духтар аз тарс ё нобуд гаштани писараки ширинаки монанд ба барраи ӯ худдорӣ карда натавониста фарёд зад: «Некрӯӯӯӯӯ!!!»
Некрӯ завқ кард ба ҳоли ӯ, ки аз сари кӯҳи баланд парвоз кард аҷиб, вале ҷарии бетаҳро надида, болҳояшро ҷамъ кард ва ба варта фурӯ рафт...
Некрӯ чашмон бо кафи даст пӯшид ва низ фарёд зад: «Ёсумааааан!!!»
23.07.11

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо