Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Инро гоҳе дарку эҳсос мекард, ки аз ду тараф баробар гардани баррачаро доранд. Ёсуман бояд синфи даҳро тамом кунад ва Некрӯ бори нахуст ба мактаб равад. Писарак ҳоло ин чизро надонад ва хаёл кунад, ки ё ба хонаи амма гардад ва ё Ёсуманро ба хонаи худашон барад, то ҳамроҳ мактаб раванду ба хона оянд. Бояд мудом ҳамроҳ бошанд.
– Ёсуман, баррачаро ба ман диҳӣ, чӣ шавад?
Ҳама орзуву ҳавас ва хоҳиши дилро гӯё гуфт Некрӯ ва Ёсуман бояд фаҳмаду хулоса барорад. «Намедиҳам, то чизе нашавад». Некрӯ, ки чунин умед надошт, ҳайрон ба чеҳраи зебойи духтар нигарон монд ва чашмони мисли чашмони барра зебо ва гунаи чашмони Ёсуман зеботараш пур аз об гашт.
– Ту хафа нашав, Некрӯ. Ин барраро калон кунам ва ба номи падари шаҳидам қурбонӣ диҳам... – гоҳе ки гардани барраро сила мекарду мегуфт, Некрӯ бехуд шуд ва пой дароз карда ба замин нишаст, ки ҳама орзуҳояшро кушт Ёсуман ва ҳеҷ гоҳ ба ӯ раҳм накунад. – Рангашро бин, айнан ранги ҳамон гӯсфанде, ки ба роҳи Худо қурбон карда буданд...
– Не! Накуш ин ширинакро! – Ба замин дароз кашида пой зад Некрӯ. Баррача тарсида гурехт. Ёсуман писаракро бағал бардошт. Некрӯ сахт гардани ӯро оғӯш карда, бӯйи саршӯйиро шамид. Нафаси гарми писарак хадуки духтарро овард ва ҳиссеро бедор сохт. Ӯ Некрӯро ба замин гузошт. Некрӯ кокули пешҳамойилгаштаи духтарро дошта боло нигарист:
– Ёсуман, баррачаатро ба ман деҳ, калон шавам, ба ту ду баррача диҳам.
– Даркор не! Баррачаи худам ширин.
– Худат ҳам ширин, баррачат ҳам ширини ширин... Баррачаро бо очааш гирифта ба хонаи мо биё. Ман туро мегирам.
Моламон зиёд мешавад.
Ёсуман сахт хандиду гурехт. Аз даруни хона садойи хандааш омад. Садойи хандаи модараш ҳам. Сонӣ овози дилдориаш:
«Ӯро наранҷон, хуб гӯй, то дилаш озурда нагардад». Некрӯ чунин ҳарфро шунида, шерак гашт ва паси дар омад. Садойи Ёсуман: «Афсар шунавад, чӣ мегуфта бошад?» Посухи модар:
«Афсар шунавад, баччагиаш ёд ояд, ки ба арӯси ҳамсоя чӣ гуфта буд: «Аз шӯт бурою мана гир!»

пешина
аз 344
навбатӣ