Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Он кӯзапораҳо не! Аз паҳлӯйи гулӯлайи об нигоҳ кунед; дар камар.
– Вай санг!
– Санг не, дада, кӯза!
– Об тар кардааст, санг кӯза метобад.
Дилам ба тапидан даромад. Ҳар чӣ бошад, ранги хокистарӣ гирифтааст.
– Мисрон лозим! – Беихтиёр гуфтам. Хиромон тозон мисронҷӯйӣ рафт, вале гаштаву баргашта сӯйи мо менигарист. – Ту ягон дуъо медонӣ, очеш?
– Дуъо медонам, аммо дуъойи кӯза ё тиллоро намедонам.
Аз ҳама зӯраш «Ихлос». Се бор мехонед...
– Яке тилло дошта бошад, чӣ кор мекунем?
– Бозори «Дупула»-ро месозед.
– Не. Ба ҳукумат маълум мекунем...
– Ин хел бошад, монед худашон омада, канда, кушода бинанд ва ҳар балое бошад...
– Буд – набуд, «кушода бин, чӣ буданашро муайян бикун, ба мо хабар деҳ!» мегӯянд.
– Пас хабар додан чӣ лозим?
– Фаҳманд, пайи соли сиву ҳафт мекунанд.
– Занед, шиканед!
Мо ба қароре наомада Хиромон ҳишшасзанон мисронро бардошта омад ва хандон сӯям дароз кард. Ман ҳама қойидаҳоро фаромӯш карда, паҳлӯйи он чиз нӯки мисрон халонда, нӯки дигарашро сӯйи дарахти чормағзи азим пахш кардам. Кӯза ғелон шуд ва аз сарам об рехт. Гумон кардам нофаҳмида сар зери шар-шар андохтаам. Аммо либосҳоям хушк ва зери он тар. Арақ будааст. Гӯшам қуфл зад ва дил тапид. Се тан мисли гурги гурусна ба кӯзайи гарданпаридайи рангаш хокистариву тар ҳарисона гаштаву баргашта менигаристем. Дастонам меларзиданд. Кӯзаро пеш кашида бардошта наметавонистанд. Ба онҳо нигаристам ва безабон ишора кардам: «Бардоред». Батар аз ман буданд. Зеро шунида буданд, ки аз се тан яке бояд девона шавад. Ба якдигар менигаристем.
Вале ман мехостам, ки бо мисрон зада кӯзаро шиканам ва зудтар донам, ки андарунаш чист? «Андарунаш шайтон бошад, дуд гашта сӯйи осмон меравад...»

пешина
аз 344
навбатӣ