МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Шумо эронӣ нестед,оқо!
– Чиро? Ман эронӣ ҳастам!
– Агар эронӣ будед, ин ҷо мурда будед ва фирор накарда будед.
– Бале, оғоҷон! Он вақт ҷон ширин буд. Зеро ман Эронро доштам. Ин дам Эрон ширин, зеро ман аз ҷон гузар кардаам...
Эрон маро ҳама чиз бувад.
– Аз дасти мо коре намеояд, оқо канор истед!
– Аз дасти кӣ меояд?
– Сарпос ҳаст.
Дастурӣ хун мегирист. Айнакаш ҳавр баста буд. Чизеро намедид. Айнак кашид аз чашм. Кӯртар шуд.
– Куҷост он мусофир?
Садое омад. Дастурӣ гирён буд, ки мусофири диёри хеш аст.
– Он ҷост! Ҳуҷҷате надорад. Мегӯяд эрониам.
– Ӯ эронӣ аст! – садойи сарпос омад.
– Аз куҷо донистед?
– Аз чашмонаш... Аз чашмони гирёнаш!!!
06.04.07.
КӮЗА
«Дада, зери шар-шар кӯза метобад...»
Се тан пинҳонӣ аз ҳама ба баҳонайи саёҳати боғ то шаршари зери чормағзи шашпаррайи лаби ҷӯйбор, ки дар доманайи Сурххок воқеъ буд, омадем. Чараксаҳойи оби шар-шар ба камари обканд бархӯрда хок резондааст ва сафолпораҳойи кӯзайи шикастаро аён гардонидааст. Чашмам ба пораҳо бархӯрда тааҷҷуб кардам, ки Хиромон... Аммо ӯ чӣ андешае дошт, ки сӯям менигарист ва ҳайрон буд. Пиндоштам, ки то ба ин ҷо расиданамон кӯза пора-пора гаштааст. Зеро ривоятҳойи зиёд шунида будам, ки касе кӯза пайдо кунад, дуъоҳое бояд хонад; ангушт хун кунад; аз се кас бояд яке девона шавад. Мо се тан, аммо кӯза худ аз худ пора гаштааст.
Худоро шукр! Вагарна бо сад кӯза зар девонаро сиҳҳат гардонидан имкон надорад.
«Дада, вай не!»
– Чӣ мегӯйӣ? – ман таҷанг гаштаам аз кирдорҳойи ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё