Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ГОВХӮР
«Говхӯр» номи корхонайи ӯст. Мӯҳраш сари гови тезшох дорад. Сураташ монанд ба шакли сари гов, ки ҳар бори рӯйи коғаз пахш кардан равшантар мегардад. Танҳо ду шох намерасад ӯро.
Аз куҷо пайдо шуда аз бинойи Иттиҳод ҳуҷрае иҷора гирифта корхона кард, ки ҷуз номи «говхӯр» маводе надошт. Лофу газофаш чунон буд, ки доллари бонк дар ҷайби ӯст. Бо даҳонаш биноҳо месохт, шаҳрҳо обод мекард; маводи сӯзишворийи зери баҳри Хазарро кашида то Душанбе меовард; ҳама чӯбу тахтайи русӣ ҳам ҳавойӣ то ин ҷо мерасид. Андому сӯробаш одамони доқёнусиро мемонд, ки якрӯя истода сӯҳбат кунанд. Гашташ гашти гурозро мемонд; гарданаш ба чапу рост нагашта, рост мерафт. Лекин пойҳояш рафидайи пойи филро ёд меовард.
– Ака! Пеши шумо омадам. Гардан каҷ карда омадам.
– Гардани шумо каҷ намешуд-ку?
– Шуд... Гуфтанд, ки ҷуз шумо каси дигар чунин муҳимро иҷро карда наметавонад.
– Хӯш...
– Вагон дар сарҳад. Худатон медонед шаройитро, надиҳӣ, гузар нест. Бензин овардам. Ҳама пулам сарф шуд. Вагонро дар Саросиё аз қатора ҷудо кардаанд. То фалон қадар наорӣ...
– Чӣ қадар?
– Камакак. Баройи гумрук. Ду ҳазор...
–... рубл.
– Доллар.
– Аз бева ... гадойӣ.
– Шумо доред. Дина занаки сиёҳак бо пули шумо Хитой рафта омад. Пулатона оварда дод. Ман ҳам бо фойидааш оварда медиҳам. Забонхат медиҳам. Мо мард.
Судхӯр сар фаровард. Говхӯр забонхат дод...
Ба даст дода, ба по давидан сар шуд. Говхӯр ҳуҷраро холӣ карда, ба касе чизе нагуфта ғайб зад. Судхӯр ба хонайи Говхӯр рафт, ки дами дараш навбати судхӯрон, аммо дари оҳанӣ қуфл. Як нафар дар даст ҳуҷҷатҳойи хона, арза дошт:
«Ин хона ба гарав гузошта шуда буд; хонайи ман шуд. Дигар наоед!»
Говхӯр пайдойи судхӯрро хӯрд.
7.04.07.

пешина
аз 344
навбатӣ