Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ВОПАСИН
Вопасин ҷанговари Ҷанги Бузурги Ватанӣ фавтид. Дина мурд. Ҳоло ҷанозааш дар рӯйи хона. Бо аҷали хеш мурд. Аммо тамоми умр ба худо зорӣ мекард: «Марги беаҷал бидеҳ!»
Зеро аз рӯзе, ки ба деҳа баргаштааст «пленник» мегӯяндаш.
Гӯё ба тарафи немис гузашта баройи ба эшон хидмат кардан боз ин сӯ омада бошад. Вале ӯ кар. Ҳазор гӯянду замину осмонро аз баройи ӯ шуда ба ҳам часпонанд ҳам намешунавад, пай намебарад. Гӯё дар паси гарданаш оҳанпора ҷой шудааст, сар такон медиҳаду халос; садама дорад. Аммо карӣ, хомӯшӣ ва касро нашинохтани ӯро баҳона медонанд; гӯё қасдан чунин мекунад, ки таъна назананд ва ба идораҳойи дахлдори ноҳия накашанд. Пештар – баъди ҷангро ба охир расонида се сол дер омаданаш, бофтанду гуфтанд ва ӯро хеле тафтишу назорат ҳам карданд. Вале ӯ дар ҳама ҷо як чиз мегуфт:
«Аминов Амон!» Гӯё бо ҳамин таркиб ҳама чизро мегуфт ва кушанд ҳам дигар ҳарфе намедонист. Чунин ҳол шубҳаовартар буд. Ба номаш бастанӣ шуданд «гуреза»-ро.
Лек ягон ҳуҷҷат ҳасдиқ накард, аммо бадномӣ монд. Аз ҳама имтиёз маҳрум ҳам монд. Зеро ақли даву тоз ва ҳуҷҷатсозӣ надошт. Чуноне ки «Аминов Амон» буд, монд. Ӯ даҳон пур карда, бо ифтихори тамом мегуфт; зеро чунин талаффузро аз сардорони фавҷи низомӣ ёд гирифта буд. Баъди бомбаборони корзор ва аз таги хок кашида баровардан... ҳамин қадар чиз дар ёдаш мондааст ва дар забонаш танҳо ҳамин чиз меояд.
Ана ҳамин хел одам дина мурд. Бо ҳама орзуву армон; ранҷу азоб, аламу дарду ҳасрати пинҳониву хомӯшӣ аз олам гузашт. Мурдааш дар рӯйи хона арзу ҳасрат мекунад, касе намефаҳмад чунон ки дар зиндагиаш.
«Аминов Амон дар ин дунё чизе надид. Ҳамаашро дар он дунё хоҳад дид!»
Ин ҳарфро гоҳи ба хок супорида, нав даҳони лаҳадро чимбаст кардан касе гуфт, ки идора ба идора гашта ғаммозӣ мекард, ки Аминов Амон асирафтода ва ҳам гуреза.
7.04.07.
ХОНУМИ ҚАШАНГ
Хонуми қашангу зебо марди барбастайи ношиносро ба рақс хонд. Марди ботамкини одамсар чандон дар ҳавойи «Валс» арғушт рафта натавонад ҳам хоҳиши хонуми пуррапайкари сарсинадамида ва чун тойча фиркандаву қантарро рад накард.

пешина
аз 344
навбатӣ