МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Аён буд, ки қашангхонум аз чизе меболид ва дар чунин базми солинавӣ марди ба назар синну солаш ба худ мувофиқро ба рақс хонд.
– Бубахшед хонум, ман чандон ба рақсҳойи аврупойӣ балад нестам.
– Пас ман бояд барам?
– Куҷо?
Хонум механдад:
– Шумо кафи дасти рост ба кафи чапи ман гузоред; ман даст аз камари шумо гузаронам; шумо дасти рост ба китфи ман монед...
– На, масъала чунин нест. Ман пойи шуморо меҷиқам...
– Мебинем, кӣ пештар меҷиқад? Ин ҳам ҳунар.
Ба пойкӯбийи зери чодари арӯсӣ ишора кард хонум. Мард худро ба нодонӣ зада посух надод. Баъди чанде по ба по рафтану гирд гаштан хонум кафид аз хусуси чизе, ки меболид:
– Истиқлолият даҳ сол дер омад.
– Сари вақт омад.
– На, дер омад.
– Аз чӣ рӯ?
– Даҳ сол пеш меомад, ман ҳоло миллионерша будам.
Мард хомӯши хомӯш монд. Арақшор гашта буд.
– Зулукатон гирифт?
– Ман ин хел гапҳоро намефаҳмам... Оҳ бубахшед!
Пойи хонуми қашангро қасдан ё аз нодонӣ пахш карда узр пурсид мард:
– Ҳазор бор узр! Гуфтам ба шумо, ки...
– Боке не. Мо то ба маданият мерасем, ки...
– Ҳамин тавр: «Буда муайян созад шуурро!»
7.04.07.
АСАЛРО ГУРГ БУРД
«Ҳооо... Асалро гург бурд-ооо!»
– Чӣ мегӯяд, занак?
– Ин ҳамон девона. Ҳар шаб Асали ӯро гург мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё