МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хар ба рафти трактор йӯрға гирифт, лӯкка гирифт ва чорхез. Тракторчӣ аз ойинайи пасбин ҳамаро медид. Соҳиби хар фаромӯш карда буд харро.
Ҳолиё ронанда ҳазор нигоҳ кунад ҳам харро намедид. Чунки вазза мерафт. Чун таркторро боздошта «расидем!» гуфт.
Соҳиб харро ба ёд оварда худро аз трактор ба замин андохт.
Хар пой ёзонда буд.
11.04.07.
ОСИЁЙИ МИЁНА
Дар деҳа се осиё буд.
Муаллими ҷуғрофия аз шогирд пурсид:
– Осиёйи Миёна дар куҷо ҷойгир шудааст?
– Дар рӯбарӯйи хонайи Гулбой.
– Аҳолиашро номбар бикун!
– Мавлон, Абдумухтор, хола Сипорат, Субҳиддин.
11.04.07.
БАҲОЙИ 2
– Маро даъват кардед, муаллим?
– Ҳа, акойи Бобо. Писаратон аз математика ду гирифт.
– Ту ду намон! Вай нагирад!
11.04.07.
МАРДЗАНАК
– Шумо ин қадар саросема, мардак?
– Дар кӯча занзанак! Занзанак-ба мерам.
– Майлатон! Шумо занзанак-ба равед. Ман мардзанак-ба мерам.
11.04.07.
СЕ БОР...
– Шоҳназар, додот аз масофайи понздаҳ км ҷӯй канда, об овардам, гуфт, Рост аст?
– 15км не, 5км...
– Ба номи Худо? 5 км бошад ҳам, се бор гуфт.
11.04.07.
МУҲАББАТ
– Оҳ занааак... Рафтӣ. Танҳо мондам. Чӣ кор карданро намедонистам. Ғам хӯрдам. Либосҳоятро сари мех овехта рафтайӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё