МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ва ҳамсоя чунон бо ҳамон тартарракаш мефахрад, ки замин пояшрову осмон дуди папиросашро бардошта наметавонад. Кош чашми ӯ ҳам чашми ману ту барин намедид! Аламам зиёд: бо ҳамин чашми кӯрам дидам, ки ба занам чӣ хел нигоҳ мекунад; ҳамсоягӣ-дия – ба ҳаққи Худо баробар. Ҳазор бор рӯ ба рӯ омадан нахоҳӣ ҳам як бор рӯ ба рӯ меойӣ. Аз нигоҳаш маълум мегардад, ки дар дил чӣ ният дорад. Ҳамон вақт мил наёфтам-дия, вагарна ба тоз бурда ба чашмаш мекашидам. Тир наёфтам, ки андозам.
Эй Худо! Ин қадар дар баландӣ ошён гузоштайӣ? Албатта мебинӣ азобҳойи маро. Лекин алорағми мардумамон маро некӣ намекунӣ, ки бадхоҳам зиёд нашавад. Феълу хӯйи бандаҳоятро хуб медонӣ. Дарвозаам дутабақа шавад, корро бало мезанад: аз райиси ҷамоъат сар карда то худи шоҳ менависанд, ки Замон аз куҷо ёфт пули дарвозайи дутабақаро? Лекин Гови Қутос рӯйи Заминро лесида лайс гардонад, касе кор надорад. Чун ки аз шохи чуккаву тирмонанди ӯ метарсанд.
Аммо айнаки кӯри маро ҳама нишон мегиранд. Нафаҳмидам, нафаҳмидам ин дунёро! Ту ҳам намефаҳмӣ, санг. Зеро ту низ чу ман ҷонсахтӣ; ҳазор путк ба сарат кӯбанд, чашмат аз косахонааш ҷаста барояд ҳам ғинг намегӯйӣ. Ё ману ту ҳиссиёт надорем? Дардро эҳсос намекунем? Аз ин рӯ касе ба дардамон намерасад. Ба дари ӯ рафтам: «Ҳамсояҷон, санги бо азоб ҷамъкардаамро то сари замини нав бурда резед...» Гӯш надода фӯк каҷ кард. Сонӣ занак рафта бо ӯ баногӯшӣ кард.
«Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар!» гуфта розӣ шуд. Лекин ман рад кардам. Занак мағал бардошт. Хару сангкашони Мухторро талабида кашол-кашол дидаву надида бо хари лангам кашондам сангро... Нарасид. Акнун ба сари ту бодкон мекӯбам.
Бубахш гуноҳи маро. Иморат буд шавад, писарам аз ғарибкорӣ баргардад. Хонадораш кунам. Дигар як мушт ба сарат занам, одам набошам!
Эй санг! Биғел охир! Ин қадар мурдаатро партофта маро силу зардоб карданат чӣ маънӣ дорад? Рост: хуб нест бачаро аз оча ҷудо кардан. Реға-реғаву тоба-тоба шикаста абгор карданат хубӣ надорад, аммо илоҷи дигар нест. Ман ҳамин қадар ҳунар дорам. Ризқу рӯзиам аз паси ту! Ба сарат ҳазор бодкон мезанаму як сум, ду сум мегирам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё