Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хонадор мекунам. Онҳо ҳам чӯҷа мебароранд. Чашми кӯрам бино мешавад. Э Худо! (Сӯйи осмон дида дӯхта.) Мекушояд. Ҳавойи бад хуб мешавад. Одами бад бад мемонад.
Абрҳойи сиёҳ сафед шуданд; мисоли муйи ман. Пеши қибла кушода шуд. Аммо занак нек нашуд. Ҷогаҳгурез шуд. «Аз ту бӯйи такка меояд» мегӯяд. Аммо бӯйи соляркаро нағз мебинад. Шабу рӯз дастат ба кор бошад. Ресмону дастайи бодкон аз дастат канда набошад, дар охури гову сари санг ҷӯлида гардӣ, ҳолат чӣ мешавад? Ун кас борин дойим зери шаршари чанор шустушӯй бикунӣ, озода мегардӣ. Олуфта! Хайр, боло худост. Ҳама чизро мебинад, мешунавад. Лекин чу ман пурбардошт; чизе намегӯяд. Баъд мегӯяд; фарҷоми кор. Сарат, ки ба девори лаҳад зад, суд надорад. Сари ман борин: Ана ин хел! Ана ин хел! (Сар ба санг зада.) Ана ин хел! Не, азоб. Коре кардан лозим, ки азобро кас нафаҳмад. Азоби дунёро кашидам бас. Дар пеш азоби гӯр. Як кас бошад, ки ман гӯяму ӯ амал кунад... Ҳамин хел кас – занак.
– Занак! Занак!! Занак!!!
– Чӣ мегӯйӣ?
– Сангфарсоро бардошта метонӣ? Ана ҳамин сангфарсойи аз зарби ба сари санг задан лабгардон шударо?
– Не!
– Натарс! Санг шикан намегӯям!
– Ҳа!
– Ман сарамро рӯйи санги сахт мегузорам. Ту сангфарсойи вазнинро боло мебардориву сарфарсо мекунӣ...
2.05.07.

ПЕШМАРГИ ПИСАР
Гӯрканҳо ӯро жӯлидамӯй ва харошидарӯй диданд андар сари гӯр, вале муайян карда натавонистанд, ки аз кадом музофот аст ва чунин рӯйканиву мӯйканӣ одати кадом маҳал аст. Аз куҷое бошад, чеҳрайи ғамзадааш ва ранги коҳидааш аз кадом тухма буданашро аён месозад.
«Ман хонайи охирати ҷигарбандамро бо чашмони сар диданӣ».
«Хуб нест».

пешина
аз 344
навбатӣ