МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
... ва ӯ гоҳе ба ҳуш омада равшанойиро дид, ки дар гӯр барқад мехобид ва гуфтори мардум ба гӯшаш мерасид:
– Ягон маҳрам дорад?
– Ягона маҳрамаш ҳамин писар буд.
Хуршед сӯйи мағриб рафта буд ва равшаниаш аз берун метофт. Дар сари гӯр рӯйи хоки канда қоматҳойи баланд сӯроб метофтанд. Зеро модар хуб намедид ва намешинохт онҳоро.
«Чен карда шудӣ, хоҳар?»
Шунид ин ҳарфро, лек посух надод. Балки андешид: «Чӣ ҷойи роҳату орамидан?.. Наход, ки ман ӯро озору азоб дода будам. Ранҷида буд? Дилозурда гашта буд? Пеш аз мӯҳлат аз олам сер гашта буд... Не... Худо медонад ҳамаашро, ки ман чун дар банди дилам бардошта бузургаш кардам, аммо ба бузургӣ нарасид... Гӯркоб танг кофтааст гӯрро... Ду кас ҷой намешавад. «Баро!» магӯ маро. Ман нав ҷоямро ёфтам. Писаракам ин чизро пай бурдааст, ки дер ё зуд ба ин хона меояд.
Азобҳойи маро дида, рӯ аз азоб тофт... Ба гумонам ӯро мошин назадааст, балки худро зери мошин андохтааст. Дидаву дониста кард ин корро. Инак ман ҳам ҷойи роҳатамро ёфтам... Дигар намебароям. Писаракамро гузоред паҳлӯям. Зеро ман бояд пештар мемурдам аз ӯ. Зеро дертар мирам каси маро ба хок месупоридагӣ нест. Он вақт аз ягон гӯрков илтимос мекунанд: «Худатон монед, халифа!» Ман он вақт наъра кашида хоки гӯрро ба сар бардошта хеста наметавонам. Ин беҳтарин лаҳза аст, ки пешмарги писар шавам...»
«Буро хоҳар!»
«... Буро магӯ, ки ҷонам баромада...»
«Чӣ хел хоҳар? Чен кардӣ?»
«Боз кофтан лозим. Ҳоло ӯ ба воят нарасида... Боз кад мекашад...»
3.05.07.
ГӮР РОҲ НАМЕДИҲАД
Ҳаво он қадар гарм, ки мардуми ҷанозахон дар сояйи дарахтони тутони каллак арақи сару гарданро ба зӯрбо рӯймолчайи аз арақ таршуда, остини яктаҳ, фаши салла ва ё кафи дастон пок мекунанд. Ва гурӯҳ-гурӯҳ рӯ ба рӯйи офтоби ғуруб сар хам дошта нигарони сухани бакавулмарде мешаванд, ки навдайи думетрайи дасташро кай як сӯ гузошта оҳи сабук мекашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё