МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Зеро нашумурдаанд, ки ин навдайи дарозро чанд бор ба қади мурдайи даруни тобут чен карда, ба гӯри нимкан мебарад, ки бар қадди лаҳади кандаашон дароз кунанд. Сонӣ ӯ сар афшонда боз ҷониби тобути дар сояйи тутони панҷазада меояд, ки ё ӯ хато мекунад дар чен кардан ва ё гӯркобҳо чен карда наметавонанд: «Аз субҳ гӯр мекобанд... қариб, ки офтоб ғуруб кунад.
Замини Фарғар барин сангу шах набошад, ки канда нашавад.
Замини пахтакорӣ. Худо худат донӣ...»
Ҷанозахонҳойи ба тангомада ҳам миёни худ миш-миш карда наметавонистанд. Зеро саршуморе аз эшон майитро хуб шиносанд. Бисёриҳо ба хотири хотирҳо ё савобгирӣ омадаанд. Аммо ба якдигар менигаранд бо суол; чизе намегӯянд.
Маънийи нигоҳашон равшан: «Гӯр роҳ намедиҳад». Дафтари аъмоли ӯро варақ мегардонанд. Лек касе намедонад, ки раҳматӣ ягон кори носавобе карда бошад. Мегашт, мехӯрд; рафиқдориву ҷӯрабозӣ мекард, вале ёд надоранд, ки хуни ноҳақ рехта ва ё касеро озор дода бошад. На. Касе ёд надорад кори бади ӯро. Ин ҳамин хел гирифте ё гиреҳе бояд бошад аз ҷониби Замин. Лек маънийи чунин ҳолатро ба ҳар сӯ мекашанд; ба бадкориву хунхорӣ мерасонанд. Аммо ягон бадкор ё хунхорро Замин аз гӯр бароварда напартофтааст. Танҳо як ривоят ҳаст, ки дар кадом замон гӯре таркида бахилеро рӯйи хок андохтааст. Ин масал аз он замон боқӣ монда: «Бахилро дар ду олам гӯр танг аст...»
«Як ваҷаб дароз гиред!»
Чунин маслиҳат сахт нафорид чӯббадастро. Як ҷониби овоз норозиёна нигаристу чизе нагуфт. Ҷойи сухан нест: «Аввал ба ҳамин ченак роҳ диҳад!» Аммо гуфта натавонист. Ба назар либоси меросӣ – кавшу маҳсӣ, тоқийи сабзи гирда ва яктаҳи сабзу фӯтайи обинусхааш сухан мегуфт. Ва сари маърака ё райиси маҳалла буданашро аён месохт. «Шояд меҳмон бошад ӯ. Ё бехабар аз ҳама воқеъоту ҳодисоти олам?»
Ӯ арақи сару гардан пок кард бо остини яктаҳ. Нарди дароз дар даст сар афшонда ҷониби гӯр рафт.
Ҷанозахонҳо ба миш-мишу баногӯшӣ даромаданд. Зери лаб дуъо мехонданд; ҳар кадом кардаву накарда ёд меовард; гиребони хеш мегирифт ва сар андохта, дида ба замин медӯхт: «Худованд нишон медиҳад бандаҳояшро!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё