МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
ҷонфидо ва қаровули бемористонро ба сари онҳо фиристод:
«Дарвозаҳойи ба рӯйи «Харчанг» кушодаатонро лой занед!»
Амри мудирро чунин расониданд. Посух гирифта омаданд:
«Мудиратонро гӯед! Харитайи масоҳати бемористонатонро бинад; агар замини дами дарвозайи мо аз они «Харчанг» бошад, ҳатман дарвозаҳоро лой хоҳем зад. Вагарна...»
Чунин хабарро расониданд ё на? Посух наомад. Аммо рӯзе як папкабадасти паканайи шикамкорсон ва пӯсташ офтобнадида пирмарди дами дарвоза ба мурғон донпошидаро дида пурсид:
– Мурғҳойи шумо?
– Бале.
– Шумо медонед, ки ин ҷо болниса?
– Медонам. Ин ҷо не! Ҳо он ҷо!
– Вазир меояд! Мо ин ҷойҳоро тоза мекунем. Шумо мурғдорӣ накунед! Ин ҷо шаҳр!
– Шумо аз қарорҳойи шоҳ бехабар аз афти кор? Беҳтар, ки шумо ба пешвози Вазир не, ҳар гоҳ масоҳати бемористонатонро тозаву тамиз кунед. Ишорайи шуморо фаҳмидам: аз тарс. Мамлакатҳое ҳастанд, ки баройи чидану тоза кардани ошхона ё ҷое мурғ сар медиҳанд. Шумо ифлосиҳойи бемористонатонро ба сари мурғони ман бор мекунед...
– Ӯӯӯй! Ман шумоя предупреждат карда истодаам...
– Ҳоҷат нест! Ман ин чизҳоро хуб медонам. Шумо партовҳоро бардоред! Таҳхонаҳойи аз ҳоҷатхона батари биноҳойи нимсохтаро тоза гардонед. Мурдайи сагҳойи байни оҳанбетонҳоро саришта кунед; марминҷонҳойи ба боғи адибон гузаштаро решакан созед... умуман ба одам монанд шавед... вале аз вазир натарсед. Агар вазир масоҳати касалхонаатонро дуруст бинад, гуфтаҳойи маро мегӯяд. Ҳоло ман «фоҳишахона» будани ошёнаҳойи нимсозро намегӯям, афгонаҳойи бесоҳиби миёни марминҷон пӯсидаро хабар намедиҳам... Дарахтони туту чанори даруни хонаҳо рӯйидаро...
– Ҳамсоя! Арзаам навиштагӣ... Як даҳан гуфтам. Оё якдигарро бинем ё набинем...
27.05.07.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё