МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Чӣ кардӣ?
– Ӯ паймон шикаст; ба ман нигоҳ накард.
Аммо ин муаммойи Паҳлавонро довар нафаҳмид...
Каф кӯфтанд тамошобинон.
Баъди чилу як рӯз мошинро зери ҷар ёфтанд ва Паҳлавонро мурда.
27.05.07.
ВАЗИР МЕОЯД!
«Вазир меояд!» Ин ҳарф чун «шоҳ меояд!» садо дод ба гӯши кормандони бинойи «Харчанг». Онҳо дасту по хӯрданд ва косакуҷомонам шуданд. Зеро вазири нав ҳамонанди вазирони пешин хушмуомила, адофаҳм набуд; балки андешае ба сараш ояд, бояд он кор иҷро мешуд ва дар ҷойи ҳодиса даҳонакӣ фармони «Озоду қабул» мебаровард. Пизишкон он қадар не, лек сарпизишку муовинҳо ва баъзе тагтарҳо мисоли барги сафедор меларзиданд аз чунин бод. Ҳоло чунин ҳол рух дод. Чунки даҳ сол боз аз вагон он тараф замин ҷорӯб надидааст ё касе буттайи хори онро накандааст. Марминҷон маризи беморони ин бино барин ҳазорреша шудааст ва дармон надорад. Аз ин рӯ сарпизишк амр ба тоза кардани майдону даруни биноҳойи нимсохти ба обхона мубаддалгашта дод. Мудири хоҷагӣ крани борбардор фармуда, вагони зери чанорро, ки дар хазони дерсола қариб ноаён гашта буд, бардошта рӯйи роҳ уреб гузошт, то вазир он тарафро набинад. Лек бӯйи мушкро пинҳон карда нашавад; бӯйи ҷаму мағори зери вагон ҳаворо вайрон кард; бӯйи хазони чанор ва ифлосиҳойи дигар ҳам баромад. Сарпизишк ба шӯр омад. Чунки вагон дар паси девори ба шакли партовгоҳ сохтайи паси тирезайи ӯ буд. Хун ба сараш зад, ки то рӯзи вазиромад ин бӯйро аз дару девор ва пардаҳойи бемористон ва танайи дарахтон дур карда намешавад. Ин бӯй батар аз бӯйи таҳхонаву ошёнаҳойи бинойи нимсохт буд. «Як шабонарӯз вақт ҳаст. Ҳамаро тоза мекунӣ!
Бӯйро нест мекунӣ!...»
«Наметонам, сардор... Ина арза...»
«Арзаат пешпешу худат аз қафо... Баъди омада рафтани комиссия дида мебароем арзаатро!»
Вале мудир ҳама қусурро аз ҳамсояҳо ситониданӣ шуд; як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё