Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

На шуҳрат буд дар ёдаш, на сарват,
Худашро сўи худ мекард даъват.
Зи тўри зиндагӣ тўрид дар худ,
Зи бахти шўри худ шўрид дар худ.
Дилашро бар дифои хеш шўронд,
Ҳақириро яке дар хеш гўронд.
Ҳақириро шинохт охир ҳақорат,
Намуд аз қадри худ худро иморат.
На зўраш буд дар дунёву на мушт,
Бадонро ҷумла бо зарби сухан кушт.
Касеро кай ба ғайри фақр тан дод,
Тавонгарро ҳаме заҳри сухан дод.
Сухан ҳам гурз будаш, ҳам сипар буд,
Сухан мурғи дилашро болу пар буд.
Сухан аз ину аз он монд аз худ,
Парешон буд, парешон монд аз худ,
Ба дил ёди фаровон монд аз худ,
Зиҳӣ, девона – девон монд аз худ.
Барои Рустам Ваҳҳоб
Шеър ҳамчун баҳор бояд гуфт,
Бо гулу сабзазор бояд гуфт.
Нусхаи зиндагонии рангин
Бо ҳама рангубор бояд гуфт.
Бар диле то қарор бахшояд,
Бо дили беқарор бояд гуфт.
Бас шунидем аз гулу булбул,
Шеъри аҳволи хор бояд гуфт.
Шеъри зоҳирписандиаш гуфтем,
Шеъри бунёди ёр бояд гуфт.
Ҳамсафу муттакои коргарон
Шеъри чун марди кор бояд гуфт.
Дар радифи навиштаи деҳқон
Рамзи авҷу барор бояд гуфт.
То кашад бору то расад ҷое,
Сатрҳо чун қатор бояд гуфт.
Дигар ашъори гўшакӣ кофист,
Шеъри овоздор бояд гуфт!
Сода
Монанди тифлаке, ки зи най асп мекунад,
Ангушти даст гашта маро найқаламсувор,
Тифлона медавад ба раҳи сатрҳои ман,
Бишмурда хешро ба раҳи шеър раҳсупор!
Офтобо, ман шабони тор ёдат мекунам.
Бо тани хобу дили бедор ёдат мекунам.
Ғарқи хун бар ёд меоӣ чу ҳангоми ғуруб,
Бо дилу бо дидаи хунбор ёдат мекунам.
Бемадоре боз чун бар хонаат раҳ мебарӣ,
Бемадору хаставу бемор ёдат мекунам.
Мениҳӣ сар хастаҷон бар пушти девори уфуқ,
То саҳар ман пушти ин девор ёдат мекунам.
Бо сипосе, к-аз чаҳи шаб ҳар саҳаргоҳам бурун
Мекунӣ бо ресмонанвор, ёдат мекунам.
Гарчи такрор омаданҳоят бувад таскини ман,
Бо муҳаббатҳои нотакрор ёдат мекунам.
Дар ҷаҳони тира рўшандил чунон бисёр нест,
Эй сари рўшандилон, бисёр ёдат мекунам.
Модари нобино
Тифлаконро набинад ў, лекин
Ба сари ҳар яке расад дасташ,
Чун дарахт асту бо ниҳолакҳо
Решаи ҷон намуда пайвасташ.
Ҳамчунон чашмаи таҳи хок аст,
Хушк гардида тў ба тў гўё,
Лек бо тифлакони бинояш
Ў равон аст ҷў ба ҷў ҳар ҷо.
Тифлаконаш, ки ҷумла биноянд,
Чашмбиност низ худ беҳад…
Ў дарахтест мевадору дареғ,
Меваи хешро намебинад.
Тифлам, калон шавӣ кош,
Беғам расӣ ба пирӣ,
Омўзӣ аз замона
Бар нафси худ амирӣ25
.
Дастат шавад бақувват,
Эй тифли поку зебо,
Дар ҳар қадам бигирӣ
Дасти фитодаеро.
Поят шавад бақувват –
Аз бахти бад гурезӣ,
Хушбахт бошӣ эй кош,
Бо бахти бад ситезӣ.
Гўшат шавад бақувват,
Эй ҷону эй дили ман,
Имдодҷў садоро
То бишнавӣ ту рўшан.
Рўҳат шавад бақувват –
Доим бапой бошӣ,
Бахти накўи худро
Худ раҳнамой бошӣ!
Чун дардофари ту сад узр, модари ҷон,
Дер омадам бари ту, сад узр, модари ҷон!
Дорад аз ин раҳи дур дар сина захми носур
Ин тифли бесари ту, сад узр, модари ҷон!
Ҳамчун зи чашми гирён ҳар сў чакида борон
Аз бому аз дари ту, сад узр, модари ҷон!
Дар гирдбоди дунё ман нестам, дареғо,
Боли туву пари ту, сад узр, модари ҷон!
Бе ман ҳама шабистон ҳар ахтари дурахшон
Сангест бар сари ту, сад узр, модари ҷон!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё