Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гузашти умр бикоҳад зи бору барги ҷаҳон,
Фузун шавад ҳама дам баргу бори Фирдавсӣ.
Ба боғи маънию шохи хирад бубин, ки бувад
Ҳазор сол пурово ҳазори Фирдавсӣ.
Ба осмони хирад ҳар даме кунад парвоз
Ҳазор мурғи дил аз шохсори Фирдавсӣ.
Арўси маънӣ аз он рўзгор то ба абад
Чу ёри зор бувад интизори Фирдавсӣ.
Ба сўи киштгаҳи ташнаи дилу ҷонҳо
Равон бувад сухани обдори Фирдавсӣ.
Бубин, расида чи пурбор донаҳои хирад
Зи роҳи хомаи ҳамчун сипори Фирдавсӣ.
Ҳамеша бар ҳадаф андар шикоргоҳи сухан
Расида тири тари дилшикори Фирдавсӣ.
Қабули миллату қавми ҳама замона бувад
Расули номаи пайғомдори Фирдавсӣ.
Равон ки буд, равон монда ҷониби фардо
Зи роҳи дил сухани раҳсипори Фирдавсӣ.
Бубин ту хомаи хуршедро – ба оби тило
Ба лавҳи арш нависад шиори Фирдавсӣ.
Ҳазору як шаби нуронии дили мо шуд
Мунаввар аз ҳаваси рўзгори Фирдавсӣ.
Ҷангал
Дар канори Ҷангали Мозандарон, эй кош,
Соате фориғ зи ғавғои ҷаҳон бошам,
Дар паноҳи шохсори ҷовидон сабзаш
Ҷовидонӣ дур аз чашми хазон бошам.
Гургу рўбоҳи варо бинам ба чашми дил,
Гургу рўбоҳи диламро афканам берун.
Гум шавам, бигзор, дар анбўҳияш боре,
Хешро аз ҷангали ҷаҳлам кунам берун.
Дар сукути ҷовидонаш як дам осоям,
Аз фиғони бахти худ фориғ шавам боре.
Ҷовидон сабзаш бубинам пеши чашмонам,
Аз хазони хеш н-андешам чу беморе.
Ҳамчу дасти нозуки ҳуре дар он ҷаннат
Дасти сабзи шохае бар гарданам ояд.
Чашмаро чун чашми пуробе бубинам боз,
Аз алам ногоҳ гиря карданам ояд.
Ҳар дарахте чун бародар розҳо гўяд
Бо забони баргҳо дар бехи гўши ман.
Қумрие, кабке ва ё ҷуфти парастуе
Ояду бе тарс биншинад ба дўши ман.
Дур аз хайли забонсозу забонбозон
Хушзабониҳои обу бод омўзам,
Барги сабзе чун забони беша гар сўзад,
Дар дилам сад нола, ман ҳам безабон сўзам.
Сар диҳам мурғи диламро бар фарози ў,
Дар нишебаш хештанро ҳамтанаш бинам,
Бе ғубори роҳу чанги оҳи ин дунё
Хешро дар обҳои рўшанаш бинам…
Сарпаноҳе деҳ диламро, ҷангал, эй ҷангал,
То биосояд даме аз оламу ғавғош.
Дар дилат, ҷуброни умри пурхазони ман,
Чун дарахте сабз гаштан бас маро подош.
Таронаи роҳ
Ба Ибодулло Машраб
Як ҳамдами соҳибдил аст
Роҳ аз диле то бар диле,
Як пора умри мо бувад
Аз манзиле то манзиле.
Осону мушкил будааст
Чун мушкилу осони мо,
Раҳ иқтибоси рўшанест
Аз печу тоби ҷони мо.
Раҳ мебарад моро ҳаме,
Ё мову дил раҳ мебарем?
Худ роҳ беохир бувад
Ё мову дил беохирем?
Аз ранҷи роҳи раҳравон
Ҷуз роҳ кас огоҳ нест,
Мо марди роҳем, эй азиз,
Ҳамроҳи мо ҷуз роҳ нест.
Занҷири раҳ-мон то ба пост,
Озодтар аз мо куҷост?
То раҳ бувад чун рўди маст,
Мурдоби мо номумкин аст.
Нохуну хуни Борбад
Ў барбати хешро чу нохун мекард,
Бадхоҳи дилашро ҳама дилхун мекард.
Ў қад-қади тор ҷои нохун меҷуст,
Аз ў ҳама дуни бехудо хун меҷуст.
Ў аз раҳи тори хеш нохун нагирифт,
Аз ҷумла адўи хеш то хун нагирифт.
Як умр бизад ба ҷону бар дил нохун,
Ў рехт зи тори барбат ово ё хун?!
Кай хост дилу дасти ба дунё хунрез,
Аз барбати хеш хост ў нохунрез.
Чун Борбад ояд он касе хунёгар,
Дунё, ки бувад худаш, шавад дунёгар.
Карим-Девона
Дар ҳошияи китоби Ҳабибулло Назаров
Баробар буд хоки роҳҳоро,
Бародар буд дарду оҳҳоро.

пешина
аз 235
навбатӣ