Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳеҷ уммедам набуд аз гардиши гардун дигар,
Як умед аз гунбади даввор дидори ту буд.
То ту рафтӣ, чашм гўё аз ҷаҳон пўшидаам,
Чун маро як диданӣ дидор дидори ту буд…
Оташу дуд
Ҷон буд, вале ҷаҳон набуд андар ман,
Ишқи ту яке ҷаҳон кушуд андар ман,
Васли ту гузашт аз сарам чун оташ,
Ҳаҷри ту кунад ҳамора дуд андар ман.


То рафтаӣ, эй шодии ман, сахт ғаминам,
Дур аз туям, аммо ба ғамат боз қаринам.
Ҷуз мўи ту аз тирагӣ ин шом нахоҳам,
Ҷуз ашки худ аз рўшанӣ ин субҳ набинам.
Бе ишқи заминии ту ман гарди самоям,
Бе меҳри самоии ту ман хоки заминам.
Эй моҳи самоии ману меҳри заминӣ,
Дар рўи ҷаҳон бе ту на он асту на инам.
Оинаи бечинии ман бе ту шикаста,
Дар оина бинам чи ба ҷуз чини ҷабинам?
Кинзор бувад гар дили ту, чун кунам, инак,
Чинзор бувад рўи ман, инак, чи бичинам?
Эй ишқи дағал, шуд дилам об аз ғамат охир,
Рўид аз он майсаи ин шеъри маҳинам…
Санги това
Шав маҳтовӣ, шави дилум маҳтовӣ,
Ай ишқи ту ҳосили дилум беховӣ,
Мерам лави ову роз мегўм ба ов,
Ай сўзи ту мекунум ғамома овӣ.
Э ёраки шишта рўи санги това,
Ғамҳои мара бигӣ ту чун селова.
Ай пешаки санги това дарёи равон,
Дарёи равон ба мисли дунёи равон,
Ашкои ғами манай, ки гаштай дарё,
Беғам, беғам, бубин ту ғамҳои равон.
Э ёраки шишта рўи санги това,
Ғамҳои мара бигӣ ту чун селова.
Як бор бигӣ ай ов ғамҳои мара,
Дар сина бикун алов аламҳои мара,
Шояд ки ай ӣ алов дилгарм шавӣ,
Бинӣ шаваке ба хов ғамҳои мара.
Э ёраки шишта рўи санги това,
Ғамҳои мара бигӣ ту чун селова.
Гадои ишқ
Гушнаи зори рўи ту будам,
Ёди ту сарпарасти ман омад,
Чун бидидам – гадои ишқи туям,
Косаи сар ба дасти ман омад.


Эй рухи равшан, шабони тор бар ёдам расӣ,
Эй камозор, ин замон бисёр бар ёдам расӣ.
Бохуду бехуд гаҳе байти аламҳои туро
Мекунам такрор, нотакрор бар ёдам расӣ.
Хор-хори зиндагӣ ҳар гоҳ хорам мекунад,
Бо аламҳо, эй гули бехор, бар ёдам расӣ.
Лолаи бедоғ будӣ, доғи дил гаштӣ маро,
Лолае бинам сари девор, бар ёдам расӣ.
Дар ҷаҳони хўрданӣ ғам мехўрад охир маро,
То ба он охир, аё ғамхор, бар ёдам расӣ.
Боғ
Боғ, эй боғи орзўпарвар,
Дар ту бишкуфт навҷавонии ман,
Дар ту оғоз шуд барои гуле
Гулфишониву дилфишонии ман.
Як ту дидиву як Худо дида
Неку бадҳои қисмати моро,
Ҷуз Худову ту кас намедонад
Розҳои муҳаббати моро.
Рўзу шабҳо дарахтҳои ту
Шоҳиди розҳои мо буданд,
Баргҳоят чу гўш бодиққат
Сўи овозҳои мо буданд.
Сабзаҳоят ба гўши мо мегуфт
Ишқи моро ту сабз хоҳӣ кард,
Хонаи дарди ишқ хоҳӣ сохт
Дили худро, ки метапад бедард.
Бахти бедори умрбодӣ буд
Дар бари сабзаи ту хуфтанҳо,
Беҳтарин орзўи мо гардид
Бо ту сабзидану шукуфтанҳо.
Мо зи шавқу зи шўри ишқ гаҳе
Дар канори ту сахт ларзидем,
Андар оғўши сабзи ту, эй боғ,
Ҳамчунон ду дарахт сабзидем.
Бе қади сарви ёри ман, эй боғ,
Сарвҳои ту ғусса мехурданд,
Аз барои Худо, ба сарви қадаш
Сарвҳои ту рашк мебурданд…
Мо ду тан пеши ту дуо кардем:
“Ҷовидон боғи ишқи мо бошӣ,
Баъди ин қадр лола чиданҳо
Нашавад, доғи ишқи мо бошӣ!”
Пеши ту кардаем мо зора:
“Ишқи моро хазон макун, эй боғ,
Қиссаи ишқи содаи моро
Рози боди вазон макун, эй боғ!”
Боғ, эй боғ, то ки ҳастам ман,
Хидмататро ҷавоб хоҳам гуфт,
Файзи бемисли обу хоки туро
Бо ҳама хоку об хоҳам гуфт.

пешина
аз 235
навбатӣ