Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мон, дар оғўши ҷовидон сабзат
Ишқи мо сабзи ҷовидон бошад,
Боғ, эй боғи ишқолуда,
Бошӣ обод, то ҷаҳон бошад!
Дилам мехостат…
Дилам мехостат, эй некахтар,
Ки некахтар шавад дар рўи дунё,
Шавад дунёш то дилҷўй умре,
Туро мехост, эй дилҷўи дунё.
Нагиряд талх то танҳо замоне,
Дилам мехостат бо нози ширин,
Наёбад то ки фардо шўрбахташ,
Дилам мехостат ҳамрози ширин.
Шукуфад то гули бахташ зи шодӣ,
Дилам рўи туро бишкуфта мехост.
Шавад то ҷовидона хотираш ҷамъ,
Дилам мўи туро ошуфта мехост.
Дилам мехостат, мехостат боз,
Ки дар чашмаш ҷаҳон дилхоҳ бошад,
Дилам мехостат, мехостат боз,
Ки аз бахти абад огоҳ бошад.
Баҳои зиндагии хеш умре
Дилам мехостат, мехост, мехост,
Баҳои хостанҳои дили ман
Диламро зиндагӣ мекост, мекост.
Дилам мехостат, мехостат, лек
Чи гўям ин ҷаҳони пураламро?..
Ту будӣ, шукри тақдирам, ки будӣ,
Ҳамин кофӣ, ҳамин кофӣ диламро.
Ҷои дареғ
Чун нуру сафо ба дидаву дил ишқат,
Шабҳои фироқ шамъи манзил ишқат,
Набвад таҳи гил рафтани ман ҷои дареғ,
Бо ман равад, эй вой, таҳи гил ишқат!
Гул овардам…
Гул овардам,
Набудӣ,
Мондамаш маҳзун сари девор.
Охир омадӣ,
Онро надидӣ,
Аз алам шуд хор.
Санги дил
Ў мурдаву дар синаи ман ин дили бемеҳр
Сангест, ки ман бар сари он гўр ниҳодам…
Ба дард ояд дилам ҳар гаҳ, туям бар ёд меоӣ,
Ту аз қаъри дилам чун дард, чун фарёд меоӣ,
Аз ин дарди батаъхирам вале дигар куҷо суд аст,
Ки баъд аз шуълаи рўят дилам пурдуду пурдуд аст.
Замоне рўи роҳам интизор оғоз мекардӣ,
Чу пешат мерасидам, нарму ширин ноз мекардӣ,
Зи пешам, аз азоби ҷони ман масрур, мерафтӣ,
Симини Беҳбаҳонӣ
Чи нозук мехиромидӣ, ба мисли нур мерафтӣ…
Ҳамегуфтам, ки бе ту дар гулистон хор хоҳам мурд,
Чи кор ояд маро ин по, ки сўи ту нахоҳад бурд?
Чи кор ояд маро ин даст, агар бар гарданат набвад?
Чи кор ояд маро ин ҷон, фидо гар бар танат набвад?!
Вале сабре!
Агар ман сўхтам аз оташи ишқат,
Чи зебо сўхтан омўхтам аз оташи ишқат.
Зи пуштат рафтанам бар ман тариқи раҳравӣ омўхт,
Ба даҳри куҳна раҳ бигрифтан аз пушти навӣ омўхт.
Расидан бо туям ҳосил нашуд ҳарчанд аз ин рафтан,
Ба дарди дил расидам оқибат, бо худ расидам ман…
Ало эй лоиқи дил, эй саропо аз барои дил,
Кунун бо дарди дил наздику дурам аз давои дил,
Мабодо гар бимирам ман, туро нодида, маъзурам,
Бимон санги дилатро ёдгорӣ дар сари гўрам…


Аз қалби пора-пора ду-се пора гуфтаем,
Бекора гуфтаему кунад кора гуфтаем.
Овора будаем чу дар роҳи зиндагӣ,
Он гуна чанд сатраки овора гуфтаем.
Аз доғу дарди даҳр, ки бисёр гуфтаанд,
Бо дарду доғҳои дигарбора гуфтаем.
Бар шўразор дони умед афканидаем,
Ғамҳои дил ба гўши дили хора гуфтаем.
Дар ин дусўи даҳр, ки як чорасоз нест,
Бо чашми чор дар ҳаваси чора гуфтаем.
Аз пасту аз баланди замона баланду паст
Ҳамвор не агар, ҳама ҳамвора гуфтаем.
Чизе намондааст, ки мардум нагуфтаанд,
Мо гуфтаҳои мардуми бечора гуфтаем.


Аз яке бедод мемонад,
Аз яке имдод мемонад.
Зинда рўзе меравад ғамгин,
Зиндагонӣ шод мемонад.
Мерасад шогирд бар ҷое,
Ғуссаи устод мемонад.
Умри ширин мешавад охир,
Қиссаи Фарҳод мемонад.
Мешавад сад кох хоки роҳ,
Кохи дил обод мемонад.

пешина
аз 235
навбатӣ