Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худоё!
Он хат асту муҳру имзо,
Ки омад низ аз Бағдод бар мо!
Фақат ин ҷо ба ҷои мо мухотаб
Навишта Амри Лайс…
Афсўс…
Ё раб!
Ба ҳар ранге, ниҳон бинмуда найранг,
Ману моро кашад тақдир бар ҷанг!
Сарлашкар меояд.
С а р л а ш к а р. А м и р И с м о и л Амирам, кулли хасми зиштмаҳзар Асиру кушта шуд, инак, саросар!
Амираш худ ба дасти мо асир аст…
(хастадил).
Маранҷонаш, ки ў ҳоло амир аст!
(Ба асирон ишора мекунад)
Вале қаблан ба ин ҷамъи парешон
Ғизо деҳ,
Хилъати шоиста пўшон,
Равон сўи ватаншон кун аз он пас!
С а р л а ш к а р. Амир, охир…
А м и р И с м о и л. Аз ин бобат сухан бас!
(худ ба худ) Яқин дорам, ки бар ин мулку кишвар
Камон бар каф намеоянд дигар,
Ба ҳар ҷое кунанд ифшои ин роз,
Физояд ҳамдилу ҳамҷони мо боз…
Амри Лайси Саффорро меоранд.
(Ба Амри Лайс)
Амиро, чун кунам ман бо ту тадбир,
Ки то мо омадӣ бо теғу бо тир,
Дареғо,
Н-омадӣ бо чангу бо най,
Ки ороем бо ҳам маҷлиси май,
Канори ҳамдилӣ бар ҳам кушоем,
Биосоем дар даҳру бипоем…
А м р и Л а й с. Маро сўи ту ин сон қисмат овард, Ба қисмат, гў, амиро, чун тавон кард?!
А м и р И с м о и л. Чи гуна бо ту бошам?
А м р и Л а й с. Худ бидонӣ…
(худ ба худ) Киноят дорад аз Рофеъ ниҳонӣ,
Ки аз пайкар ҷудо кардам сарашро,
Ба пеши саг фикандам пайкарашро,
Сарашро пас фиристодам ба Бағдод,
Шунидам аз Халифа офаринбод…
Чу он бадбахт акнун худ асирам,
Ба мардум ҳар чи додам, он бигирам…
А м и р И с м о и л. Агарчи ғолибам, ҷои хушӣ нест, Ки моро ҳеҷ расми шаҳкушӣ нест…
Бувад озодиат майли дили ман,
Вале кини ту бошад мушкили ман…
А м р и Л а й с. Аз ин пас меҳру кин дар дил надорам, Ҳамон нахли ҷудо аз баргу борам…
А м и р И с м о и л (худ ба худ).
Дареғи мо, ки ҳамлафзем, аммо
Намефаҳмем гоҳе лафзи ҳамро…
Ба ҳарфи дигар имон оваридем,
Ба фатвояш дили ҳамро даридем,
Зи мо шуд танг умре ҷои мо ҳам,
Зи мо шуд баста дасту пои мо ҳам…
Кунам маҷбур он ҷое равонат,
Ки он ҷо кас намедонад забонат,
Ба он ҷоят талаб доранд лекин,
Ҳамин бошад ба дунё ҳосили кин…
(ба Амри Лайс) На мушкӣ ту, ки бо бодат фиристам,
Илоҷе нест –
Бағдодат фиристам…
Аробае, ҳамнавои мусиқии ҳазин, нолида меояд.
Амри Лайс рўяш мешинад ва он ҳаракат мекунад.
Туро ҳастанд ёроне, ки дар роҳ
Зи бунгоҳе ҳуҷум оварда “ногоҳ” , Зи банду кунда озодат намоянд,
Раҳе аз баҳри имдодат кушоянд?..
Мусиқии ҳазин шиддат мегирад. Амир Исмоил оҳиста-оҳиста дур ва оқибат дар торикӣ нопадид мешавад.
Саҳна муқобили ҳаракати ароба мечархад.
А м р и Л а й с (худ ба худ).
Ҳақиқат буд, ҳар чизе, ки ў гуфт,
Накў буду накў ҷусту накў гуфт,
Ба ҳар раҳ кўшиши тадбири ман кард,
Ҷадал якчанд бо тақдири ман кард…
Маро бо чанд тан,
Дар асл – озод! –
Равон бинмуд як шаб сўи Бағдод,
Ба уммеде, ки ёронам биёянд,
Зи банду кунда озодам намоянд…
Дареғи ман, ки як ёрам наомад,
Мадад ҷустам, мададгорам наомад!
Пас он дидам, ки дигар шаҳ набудам,
Ба рў аз ашкҳо сад ҷў кушудам…
Гулам хушкиду мондам хор дигар…
Ароба бозмеистад.
Набудам бар касе даркор дигар…
(Ба ҷонибе, ки Амир Исмоил рафта буд)
Аё Сомонӣ, эй марди хирадманд,
Маро дар банд ҳам додӣ басо панд,
Мисоли рўзи рўшан шуд яқинам:
Ту дар ҳиммат самоӣ, ман заминам.

пешина
аз 235
навбатӣ