Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ба рўи хасми худ дилро кушудӣ, Зи кин кардӣ гузар, тамкин намудӣ.
Маро бо ту ҳавои ҳампарӣ нест, Зи хушку тар ба ҷуз чашми таре нест.
Наояд ҳеҷ лат бар давлати ту, Сарам бодо ба пои ҳиммати ту!
Аёнат бод, амиро, монда танҳо Яке хоҳиш маро дар ҳарду дунё:
Ба аҳли байти ман лутфе бубахшой, Маро дар ду ҷаҳон осуда бинмой…
Ароба боз ба роҳ медарояд.
Мусиқӣ бо нолиши чархҳои он ҷўр мешавад.
(худ ба худ) Равон дар бандам, инак, сўи Бағдод, Зи қисмат дод, аз тақдир бедод! – Тамоми роҳ он танҳои бесар Бигиранд аз гиребонам чу довар, Биёяд ҳамчу борон бар сари ман Зи афлок эй басо сарҳои бетан…
Чу он сарҳо, ки кардам гўи чавгон, Равад, инак, сари ман сўи майдон…
Мусиқӣ шиддат мегирад. Ҳамсароён бесухан марсия мехонанд.
Ҷо-ҷо ин суханон садо медиҳанд:
Шавад мағлуби ин майдон ҳама кас, Худоё, як ту ғолиб ҳастиву бас!
Саҳна ҳамоно чарх мезанаду ароба муқобили он ҳаракат мекунад.
То дер мусиқии ҳазину садои чархи ароба ба гўш мерасад.
Анҷом.
Ароба
Бе бор бас ҳазину малоланду нохушанд, Гар борашон фузун бишавад, эй басо хушанд, Бори гарони хайли шикамсер мекашанд, Дарди гарони афтамату тир мекашанд, Тақдирбад аробаи тақдир мекашанд ҳаммолбачаҳо.
Ҳар бордорро чи қадар зора мекунанд, Худро фузунтар аз ҳама бечора мекунанд, Бисёр нарм хидмати дилхора мекунанд…
Дилҳояшон ҳама зи алам пора-пора аст, Ҳар пораро ҳазори дигар пора мекунанд ғофил зи орзую зи омол баччаҳо.
Ҳар рўз ин бувад зи саҳар орзўяшон – Созад нигоҳ соҳиби боре ба сўяшон, Аз зора мекунад зи дарун гул гулўяшон, Ҳар сўй медавад нигаҳи ҷустуҷўяшон,
бадфолбаччаҳо.
Жўлидаанд, фурсати пардозашон куҷост?
Ғам ҷуз ғами аробаи носозашон куҷост?
Ҷуз сўи муштарӣ раҳи овозашон куҷост?
Ҷуз гўши муштарӣ қадаҳи розашон куҷост?
Бар сўи авҷҳо хати парвозашон куҷост?
Беболбаччаҳо…
Чун чўҷаанд, к-аз барашон бол рафтааст, Э вой, бол чист, ки иқбол рафтааст!
Аз ҳол рафтаанд зибас зери сангбор, Ин мулки сербачча ҳам аз ҳол рафтааст.
Беҳолбаччаҳо…
Дар фикри ризқи аҳли аёланд ин ҳама, Дар зери бор ҳамчу ниҳоланд ин ҳама, Дар чашми чорашон ғами садсолаҳо ниҳон, Аз хештан бузург ба соланд ин ҳама, дар зери бор рўзу маҳу сол баччаҳо.
Он шоире, ки қиссаи “Сайёҳи Ҳинд” гуфт, Беҳтар ҳамон, ки рафтаву дар зери хок хуфт, Мебуд зинда, хокбасартар аз ў набуд, Низаш ба ғайри мурдани зуд орзў набуд…
Эй мулки ман, ки шўри ту дунё гирифтааст, Бори ту дар аробачае ҷо гирифтааст!
Қисмат, ки бар ту баччаи бисёр додааст, Кай гуфтааст – аробаи пурборашон бидеҳ, То шомгаҳ зи субҳдам озорашон бидеҳ, Бори тамоми кўчаву бозорашон бидеҳ, Бисёрбаччаӣ, ғами бисёрашон бидеҳ?!
Бисёр додааст Худоҷон туро бача, Аммо нагуфтааст, ки дар ин ҷаҳонашон То бар ароба роҳ бувад аз аробача!
Бедод гуфта мешавад аз мо, бузургҳо - Кардем пеша пешаи бедоди гургҳо; Онон агарки баррачаҳоро даридаанд, Моро ду дида баррачаҳоро надидаанд, З-оғўши меҳри меш хато кандаемашон, Дар чанги гурги зиндагӣ афкандаемашон, Кардем пеша пешаи бедоди гургҳо, Бедод гуфта мешавад аз мо, бузургҳо!
…Шаб дидаам ба хоб даре пурдаробаро, Як ғўлу дар бараш бачаҳои харобаро, Дидам ба хоб: он ҳамаро кардаам раҳо, Пайвастаам ба гардани он ғўл аробаро!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё