Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту ҳайкали ору ормонӣ, Ватанам!
Тоҷию ба фарқи тоҷиконӣ, Ватанам!
Аз хоки Бухорои ту панд аст ба ёд,
Аз кохи Самарқанди ту қанд аст ба ёд,
Аз сарварии ту нангу ор аст ба ёд,
Аз саркашии ту сарбадор аст ба ёд.
Хокӣ ту, вале чи гуна хокӣ, Ватанам?! –
Аз хоки азизонию покӣ, Ватанам!
Ту ҳайкали ору ормонӣ, Ватанам!
Тоҷию ба фарқи тоҷиконӣ, Ватанам!
Шодоб зи Рўдакист рўди суханат,
«Шаҳнома» бувад китоби меҳри ватанат,
Аз «Маснавӣ»-ат маънавӣ аст анҷуманат,
Сабз аст чу шеъри сабзи Ҳофиз чаманат.
Хокӣ ту, вале чи гуна хокӣ, Ватанам?! –
Аз хоки азизонию покӣ, Ватанам!
Ту ҳайкали ору ормонӣ, Ватанам!
Тоҷию ба фарқи тоҷиконӣ, Ватанам!
15 сол – 15 бол
Аз забони 15-солаҳо
дар 15-солагии Истиқлол
Соҳибистиқлол кишвар, мо, ки ҳамзоди туем,
Зодаи озодии ту, рўҳи озоди туем,
Ҳамдамони лаҳзаҳои шоду ношоди туем,
Дар раҳи парвози фардо боли иршоди туем.
Ёд дорад зиндагӣ - чун бахти Шўро шўр шуд,
Аз миёни дилқарибонаш қаринӣ дур шуд,
Бар сари Эраҷ зи дигар ҷабри Салму Тўр шуд,
Тоҷдорӣ, эй дареғо, расми номанзур шуд.
Аз миён бархост ногаҳ тоҷбарсар тоҷике,
Мулкро кард аз хатар огоҳ бофар тоҷике,
Тоҷиконро ҷамъ овард аз ҳама дар тоҷике
Зарра-зарра, ҳамчу аз реги равон зар, тоҷике.
Аз дилу аз ҷон намуд оғоз ў бо ҷанг ҷанг,
Буд дар майдон варо ҷавшан фақат номусу нанг,
Нармиаш афтонд эй бас аз кафи дилсанг санг,
Тангбинонро дили бикшодааш бинмуд танг.
Сулҳ овард ў барои халқи хеш аз он набард,
Балки кард эҳдо сари сабзе ба ҳар як рангзард,
Побапо бо халқ роҳи сахти эҳёро сипард,
Ҳамдилиро боз дар дилҳои мардум зинда кард.
Гуфт, дилро чун рухаш бикшода пеши марду зан:
«Ҷанг ҷангу нанг нанг аст, эй азизони Ватан!»
Шуд мусаллаҳ дар набарди хеш бо некў сухан,
Бо адўи сулҳи кишвар кард ҷанги танбатан.
Хешро афрўхт ў дар шоми халқу шамъ шуд,
Халқ чун парвона аз ҳар сў ба гирдаш ҷамъ шуд,
Баҳравар аз файзи ҳарфаш ҳар касеро самъ шуд,
Дар раҳи созандагӣ боҷаҳд шуд, ботамъ шуд.
Он ки Кохи оштӣ бунёд дар оғоз кард,
Хештанро то абад бо халқи худ дамсоз кард,
Аз раҳи меҳру вафо сўи ҷаҳон овоз кард,
Рафт бо ин роҳу роҳи зиндагӣ ҳам соз кард.
Эй ки дорӣ меҳри афзун, ҷаҳди афзунро бубин,
Боғу роғи гулфишони кўҳу ҳомунро бубин,
Дидаи пурнури фардо – НОБ-и Роғунро бубин,
Бар сари боло нигаҳ кун, рўи гулгунро бубин!
Бин равон аз Сангтўда тўдаи нури варо,
Чун куҳистонаш сари болову манзури варо,
То ба домони уфуқҳо шаҳраҳи дури варо,
Номи пуровозаи дар даҳр машҳури варо!
Боғбоно, аз фарат сад боғ дар даврон шукуфт,
Боғи нангу ном дар дунёи ҳар инсон шукуфт,
Инак, аз гулҳои уммедат «Баҳористон»
33 шукуфт,
Андар ин оина садҳо чеҳраи хандон шукуфт!
Эй азизи ҷону дил, кори азизонро нигар,
Аз тараб давре бизан, дар давр давронро нигар,
Гў ба Исмоили Сомонӣ, ки сомонро нигар,
Тоҷи фахратро ба сар кун, Тоҷикистонро нигар!
Эй Ватан, ҳар лаҳзаи бахти ту сад соли дил аст,
Рўзи Истиқлоли ту Наврўзи иқболи дил аст,
Понздаҳ сол аст морову басо фоли дил аст,
Понздаҳ соли ту моро понздаҳ боли дил аст!
Сарзамино, бин, замину осмон моро шинохт,
Мо ҷаҳон бишнохтему ин ҷаҳон моро шинохт,
Шуд парешон хасм, ҷамъи дўстон моро шинохт,
Парфишон сад парчами рангинкамон моро шинохт!

пешина
аз 235
навбатӣ