Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Эй Ватан, поянда бод ин шодии беохират, Бахти моӣ, кам мабодо қудрати бахтофарат, Аз ҳазорон соли ту хонад ҳазорон дар барат, Офарин гўяд ҷаҳоне бар шукўҳу бар фарат!
Суруди ваҳдат
Расида даври ваҳдатат, аё Ватан, аё Ватан!
Муборак ин саодатат, аё Ватан, аё Ватан!
Чи давлатӣ – ҷавону пир, чи содаиву беназир, Зиёда бод давлатат, аё Ватан, аё Ватан!
Шарорасон шарат гузашт, чи офат аз сарат гузашт.
Бимонд он шарофатат, аё Ватан, аё Ватан!
Чи заҳмату чи ранҷҳо кашидаӣ барои мо, Фидои ранҷу заҳматат, аё Ватан, аё Ватан!
Зи бевафо раҳо шавад, қарини бовафо шавад, Ҷафокашида миллатат, аё Ватан, аё Ватан!
Фидо сари азизи мо, ҷаҳони бахтхези мо Ба сурату ба сиратат, аё Ватан, аё Ватан!
Хитоби ту барои мост, китоби ту раҳои мост, Ҳакими мост ҳикматат, аё Ватан, аё Ватан!
33 Телевизиони «Баҳористон»
Чу раҳнамо шавад туро, раҳи раҳо шавад туро Низоми расму одатат, аё Ватан, аё Ватан!
Гулем мо, туӣ чу боғ, ҳама хушему хушдимоғ Ба ҳар куҷо зи накҳатат, аё Ватан, аё Ватан!
Давои хуби дастрас барои зодаи ту бас Табобати табиатат, аё Ватан, аё Ватан!
Кам аз ягон ҷаҳон мабод, тиҳӣ зи тифлакон мабод Канори пурмуҳаббатат, аё Ватан, аё Ватан!
Туро барад вафои мо чу беҳтарин раҳи раҳо Зи ваҳдатат ба қудратат, аё Ватан, аё Ватан!
Ваҳдат
Ваҳдат ду ҳиҷо нест,
Ваҳдат ду дил аст –
Сўи ҳам боз.
Ваҳдат як калима нест,
Ваҳдат ду дасти меҳр аст – Сўи ҳам дароз.
Ваҳдат шиор нест,
Ваҳдат шиёр аст –
Шарти баргу бор аст.
Ваҳдат садо нест,
Ваҳдат садоқат аст –
Садоқати даст ба даст,
Садоқати дил ба дил,
Садоқати ёр ба ёр –
Саодати диёр!
Бедорӣ
Рўшании субҳ бў дорад,
Бўи бедорӣ;
Парда аз рў мекушояд офтоб, Сахт нуронист рўяш - рўи бедорӣ; Савти бедорӣ ба ҳар сў мебарад тозон Ҷўи бедорӣ;
Баъд аз ин то шом дар ҳар чеҳра бингар Ҷилваи дилҷўи бедорӣ.
Осмоно!
Зери чатри худ сари болои мо бингар, Рўҳамонро эй басе болотар аз авҷи само бингар, Тан бидеҳ боре,
Ки бе рўҳу сари болои мо Қадре надорӣ!
Офтобо!
Рўйҳои гарму нуронии моро бин, Фикрҳои гарму нуронии моро бин; Сўи худ ҳар субҳ боло бо ниёиш Дастҳои гарму нуронии моро бин! – Тан бидеҳ, охир,
Ки бе ин гармиву бе ин зиё Қадре надорӣ!
Писарему сипарем
Ин Ватан нест фақат водию кўҳ, Сад ғурур асту виқор асту шукўҳ!
Ин Ватан нест фақат долу дарахт, Ба дарахташ ту бубин меваи бахт!
Мо натанҳо писари ин Ватанем, Балки бо ҷон сипари ин Ватанем!
Шаҳр не он,
Фақат он деҳкада нест,
Қад-қади роҳ қатори сада нест, Шаҳри Ҷон, деҳкадаи Имон аст, Решаҳои садааш дар ҷон аст!
Мо натанҳо писари ин Ватанем, Балки бо ҷон сипари ин Ватанем!
Роҳи он роҳнамои ману туст, Кўҳи он кони садои ману туст, Рўди он бар раги дил монанд аст, Ин чи хок аст, ба ҷон пайванд аст!
Мо натанҳо писари ин Ватанем, Балки бо ҷон сипари ин Ватанем!
Асли мақсуд
Як туӣ дар ҷаҳон дери мо, зуди мо, Як туӣ ҷовидон нури мо, дуди мо, Як туӣ аз азал буду нобуди мо, Як туӣ то абад асли мақсуди мо!
Тоҷикистони мо, Тоҷикистони ман, Нури андар нигаҳ, ҷони андар бадан, Ҷовидон ҷон ба ҷон, ҷовидон тан ба тан Бо туем, эй Ватан, бо туем, эй Ватан!
Гарчи дар зиндагӣ сў ба сў рафтаем, Бо хаёли рухат рў ба рў рафтаем, Гарди роҳи туем, кў ба кў рафтаем, Оби ҷўи туем, ҷў ба ҷў рафтаем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё