Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фақат як ҳарф мешуд аз лабам бо ҳар нафас берун,
Фақат як ҳарф мешуд аз дилам бо сад азобе,
Изтиробе,
Сад умеду орзў,
аз хеш мерустам,
Шавқу ҳавас берун:
«Туро ман дўст медорам!»
Туро ман дўст медорам!
Чи ҳарфи сода аст, эй ҷон,
Ба пеши чашмҳои ту,
Ки пур аз аксҳои дўстдорон аст,
Ба пеши гўшҳои ту,
Ки бешак соғари саршор умре аз садои дўстдорон аст,
Ба пеши ҳар куҷоят, ки барои дўстдорон аст,
Чи ҳарфи сода аст, эй ҷон - «Туро ман дўст медорам!»
Туро мебояд аз сад дўстдорӣ дўсттар дошт,
Эй гули гулдони ҷони ман,
Гурезе аз хазони ман,
Баҳори ҷовидони ман.
Ту медонӣ,
Ки мўри ғарқа чун ҳар дона хасро дўст медорад,
Ту медонӣ,
Ки мурғи дар қафас чун осмони дастрасро дўст медорад,
Ту медонӣ,
Чи сон дил ҳар нафасро дўст медорад.
Манам мурғи қафас, ту осмони дастрас ҳастӣ,
Манам дил, ту нафас ҳастӣ,
Манам ғарқида мўреву ту (садҳо узр, садҳо узр!) хас ҳастӣ!


Мазҳаби мард заҳмати дунёст,
Мазҳаби зан муҳаббати дунёст.
Аз ҳар он чӣ миёни ин ду тан аст,
Як муҳаббат ғанимати дунёст.
Бохт аз бурд бештар ин ҷо,
Ошиқӣ асли сабқати дунёст.
Аз паси ишқ хуш давиданҳо,
Дав-даваш беҳ зи давлати дунёст.
Нафаси тозаи муҳаббати пок
Тозафасли табиати дунёст.
Соату вақти ишқ дар дунё
Хуштарин вақту соати дунёст!


Ман чи гўям – ину онам ман?
Худ чиям бе ту, надонам ман!
Бо ту бар дунё аён будам,
Бе ту аз худ ҳам ниҳонам ман.
Бо ту зўри осмон будам,
Бе ту зори остонам ман.
Бо ту хушбахти ҷаҳон будам,
Бе ту бадбахти ҷаҳонам ман.
Бо ту сўи дил равон будам,
Бе ту ҷисми беравонам ман!
Бо ту ман як ҷонфишон будам,
Бе ту андар назъи ҷонам ман…
Чун кунам?
Гуфтаӣ: «Аз ишқи ман бардор даст!»
Гар кунам ин, синаро пурхун кунам,
Ишқи ту, эй бехабар, умри ман аст,
Умри худро пора-пора чун кунам?!
Танҳоӣ
Боз имшаб
Зери борон
Бингар андоми тари ман…
Дар бари ман
Ҷои ту
Сарви канори боғамон тар шуд…
Хушксолӣ
Аз дигар
Дар мазраи уммеди ман сар шуд…


Рўшан зи чашми ту шуд офтоби дил,
Додӣ ба як нигоҳ барбод хоби дил.
Ором шуд дилам, осуда маҳфилам,
Огоҳ то шудам аз изтироби дил.
Дар ҳар сиришки дил акси ту рўшан аст –
Ин буду ин бувад обу сароби дил.
Биштоб сўи дил, дарёб рўи дил,
Бо чашми дил бубин ҳоли хароби дил.
Чашмони обият, рўи гулобият
Аз даҳри обу нон бас нону оби дил.
Сад ину он дар ўст, оҳанги ҷон дар ўст,
Сўзе зи ишқи туст ин шеъри ноби дил.
Ҳастӣ ҷаҳони ман, эй беҳ зи ҷони ман,
Ин сура хондаам ман аз китоби дил.


Рафтӣ аз ман,
Дили ман вайрон шуд.
Ҳамчу ганҷе
Ғами ту
Дар дили ман пинҳон шуд.
Рози иқбол
Розҳоят рози иқбол аст!
Нозҳоят нози иқбол аст!
Меҳри ту анҷоми бемеҳрист,
Ишқи ту оғози иқбол аст!
Дидаҳои сўи ман бозат
Дидаҳои бози иқбол аст!
Абрувонат, чун ду боли бахт,
Муждаи парвози иқбол аст!
Гўшакиҳои дилангезат
Нусхаи овози иқбол аст!
Ҳусни бе пардоз дилҷўят
Беҳтарин пардози иқбол аст!
Ҷуфти парасту
Дар раҳи қисмат нагаштам ҷуфти кас ман,
Дар раҳи қисмат нагаштӣ ҷуфти кас ту,
Ҷуфти ҳам гаштем мо дар роҳи қисмат,
Бегумон гаштем як ҷуфти парасту.
Нўл бар нўлам ниҳодӣ бо садоқат,
Нўл бар нўлат ниҳодам бо муҳаббат,
Ҳамчу як ҷуфти парасту нўл бар нўл –
Хушгили давру замон будӣ туи гул,
Оқили рўи ҷаҳон будам мани гўл.

пешина
аз 235
навбатӣ