Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Беш аз ин – минқор будам ман саропо, Беш аз ин – минқор будӣ ту саропо, Обу гил аз баҳри манзил мекашидем, Бо чи саъй, аз ҷону аз дил мекашидем! – То бино шуд лонаи уммедҳомон – Лонае дар шифти пешайвони дунё, Эй аҷаб обод дар вайрони дунё!
То абад мо нўл бар нўлем, эй ҷон, Боз ҳам дар нўл дорем Обу гилҳо ё хасу хоре - барои ошёни хеш, Дону обе аз барои чўҷагони хеш.
Чўҷаҳо донанд агар хуб Эътибори нўлбарнўлии моро, Як-як он якдонаҳомон Пешамон истанд фардо, Мои ҷуфти нўл бар нўл Бас фаровон мешавем, Мои ҷуфти нўл бар нўл Сад,
Ҳазорон,
Баъд –
Милён мешавем!
Ту бо ман бош, эй ҳамдил, Ту бо ман бош, эй ҳамҷон, Ба сармои зимистон,
Ҳам ба гармои нафасгардон; Ту бо ман бош рўзу шаб, Ту бо ман бош субҳу шом, Ки ҳар шоми сиёҳи ман Биёрад аз саҳар пайғом; Ба рўзи нек бо ман бош, Ба рўзи сахт ҳам бо ман, Ту бо ман бош, бо ман бош, Ки бошад бахт ҳам бо ман; Ту бо ман бош чун анвор, Ту бо ман бош чун қандил, Чу муслимро ба бар Мусҳаф, Насороро ба бар Инҷил; Ту бо ман доимо хуш бош Чу дар афлок ахтарҳо, Чу боғе дар канори об, Чу акси боғ бар дарё; Ту бо ман бош, моҳи ман, Чу моҳи осмон бо шаб, Ту бо ман бош чун хуршед, Маро омўз тобу таб;
Чу барф, эй поктар аз барф, Ту сармо бошу бо ман бош, Манам як лоли ишқи ту, Ту имо бошу бо ман бош; Ту бо ман бошӣ, эй ҳамдил, Ту бо ман бошӣ, эй ҳамҷон, Дили ман ҳам ҳазин набвад, Дили ман ҳам бувад шодон; Бидеҳ барбод дардамро, Биафзо аз дигар дардам, Тавонам то ба худ гуфтан, Ки ман ҳам зиндагӣ кардам; Ҳамин кофӣ маро аз умр, Ки бинмудам туро пайдо, Бимон, то бо ту бошам ман Ба мисли қатра бо дарё.
нардбони осмон (дубайтиҳо) Чи сон авҷи хаёлатро бигўям?
Сифоти феълу фолатро бигўям?
Тавонотар зи ман шоир набошад, Агар шеъри ҷамолатро бигўям!
Кунам бори дигар пайдоят, эй гул, Диҳам дар дидаву дил ҷоят, эй гул, Дили худро бимонам рўи дастат, Сари худро – ба пеши поят, эй гул!
Ҷаҳон рўду канорат соҳилам буд, Канори пурбаҳорат манзилам буд, Ба пеши чашми гўёи ту, эй гул, Хамўшӣ беҳтарин рози дилам буд.
Ба гўши ҷонам овои ту монда, Ба чашмам ҷои поҳои ту монда, Ҳазорон ҷо гирифта дар дили ман, Валекин дар дилам ҷои ту монда.
Чи бенур аст ин дунё, ту нурӣ, Зи бенурони ин дунё ту дурӣ, Насибат бод хубиҳо, ки хубӣ, Биҳиштат бод ин дунё, ки ҳурӣ!
Ман аз бўи ту мастам то қиёмат, Ба домони ту дастам то қиёмат, Ба сар ёди ту будам, то ки будам, Ба дил доғи ту ҳастам то қиёмат.
Чи гўям қиссаҳо аз ону аз ин, Ки дорам қиссае аз сўзи дерин:
Манам Фарҳоду ишқам бесутун аст, Бимирам оқибат бо дарди ширин…
Маро рухсораат бар бўстон бурд, Маконат ҳар дамам бар ломакон бурд, Назар бар чашми нилии ту кардам, Маро чашмат ба авҷи осмон бурд.
Ҷаҳони бо туям беҳ аз ҷаҳон буд, Маконат орзўямро макон буд, Диламро нардбони ошёнат Ба мисли нардбони осмон буд!
Надорам баҳра бе ту аз баҳорон, Бувад дар дидаву дил барфу борон, Аё эй моҳ, бе рўи чу рўзат Диламро рўз надҳад рўзгорон!
Чи суд аз дил, ки ёри дилкашам рафт, Чи суд аз маҳ, нигори маҳвашам рафт, Чи суд аз оби дунё, чун дилам сўхт, Чи суд аз фасли гармо, оташам рафт!
Дилам хуну дилам хуну дилам хун Ба ёди он руху он лаъли майгун, Агар он маҳ дар ин дунё набошад, Намеарзад ҷаве ин олами дун!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё