Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Эй меҳри дилу моҳи дилу кавкаби дил,
Бе туст ҳамеша тира рўзу шаби дил,
Аз дил наравӣ, ки худ Худо рехтааст
Аз рўзи азал нақши ту дар қолаби дил.
Ҳастӣ ту равон сўи равонам аз чашм,
Раҳ ёфтаӣ ба мулки ҷонам аз чашм,
Гар танг кунад ҷои туро дар чашмам,
Ман мардуми чашмро биронам аз чашм!
Эй кош ҳамеша ханд-хандат бошад,
Ин нозу адои дилписандат бошад,
Гардуни баланд аз ҳасад мемирад,
Дастам чу ба гардани баландат бошад!
Хирман задаӣ миёни гулҳо, гули ман,
Оташ задаӣ ба ҷони гулҳо, гули ман,
Гулро ҳаваси ҳамдамиат буду зи лутф
Бишкастаӣ ормони гулҳо, гули ман.
Наврўзи Аҷам, сабзаву гул пўида,
Омад барат, эй нигор, гул бўида,
Дар ту нигаристу гуфт ҳайрон-ҳайрон:
Ин турфа, ки гул миёни гул рўида!
Дар рақс даро, ки рақси гул бинам ман,
Дар сояи дилнавози гул шинам ман,
Дар рақс дарову гул бирез аз доман,
Аз домани ту домани гул чинам ман!
Аз ҳусни тари ту об менўшидам,
Аз хандаи ту гулоб менўшидам,
Аз косаи чашмҳои мастат ба ҳавас
Ду косаи пур шароб менўшидам.
Эй дилбари дилрабо, диламро бурдӣ,
Андар дилу дида ҷо, диламро бурдӣ,
Аҳволи дили ту бурдаро, эй дилбар,
Донем ману Худо, диламро бурдӣ!
Як умр дилам дар раҳи кўи ту тапид,
Афтодаи печухами мўи ту тапид,
Гум карда дар ин раҳ сару сомонашро,
Умре ба хаёли ҷустуҷўи ту тапид.
Аз нақди замон ҷамоли ту моро бас,
Аз бахти ҷавон висоли ту моро бас,
Эй раҳгузари ту боғу қадди ту ниҳол,
Аз боғи ҷаҳон ниҳоли ту моро бас!
Дар дидаи ман ҷамоли ту мемонад,
Ҳусни хуши баркамоли ту мемонад,
Дил рафтаву ишқи ту нарафтаст аз дил,
Сар мераваду хаёли ту мемонад.
Эй омада бар ҷаҳони мурғу моҳӣ,
Эй ҷониби манзили саодат роҳӣ,
Бигзор, насиби ту шавад дар дунё
Чизе, ки ту худ барои худ мехоҳӣ!
Эй дилбари ҷон, дилбари ҷон, дилбари ҷон,
Эй рўзу шабон дар бари дил, дар бари ҷон,
Ҳар дам гузарӣ ту аз хаёлу дили мо,
Аз шавқи ту бигзарем мо аз сари ҷон!
Бахшида ба бахт болу пар хандаи ту,
Ширинии зиндагист дар хандаи ту,
То хандаи туст, талхкомӣ чи бувад,
Ширин шуда умр аз шакархандаи ту.
Ҳарчанд ҷаҳонӣ ту, беҳ аз ҷонӣ ту,
Афсўс, ки қадри дил намедонӣ ту,
Пеши ту китоби бешумар мебинам,
Афсўс, китоби дил намехонӣ ту…
Бар лавҳаи дил фитод пурнур хатат,
Бо сархати қисматам бишуд ҷўр хатат,
Эй гумшуда ишқи поку нуронии ман,
То кўр шудан ҳамекунам кўрхатат!
Аз пеши дари хонаи ту мегузарам,
Бо хандаи мастонаи ту мегузарам,
Бо хандаи мастонаи ту осон нест,
Аз олами афсонаи ту мегузарам!
Номушфиқи ман, шавад, ки мушфиқ бишавӣ,
Бар тахти баланди ишқ лоиқ бишавӣ.
Гўянд: дуои ошиқон мегирад,
Ин аст дуои ман, ки ошиқ бишавӣ!
Дар ишқ куҷо моили панд аст дилам?
Дилмоили ёри дилписанд аст дилам.
Бар боми баланди хонаат менигарам,
Охир, чи кунам – назарбаланд аст дилам!
Дасти ту зи дасти бахт беҳтар бошад,
Чашми ту беҳ аз чашмаи Кавсар бошад,
Ҳар кас бичарад сабзаи мижгони туро,
Афсонаи ҳурон шунавад, кар бошад!
Давлати поянда
Чун даҳр куҳан ҳастӣ, чун бахт ҷавон,
Биншонда хирадро ту бар тахти ҷаҳон.
Эй миллати тобанда, барҷо асарат!
Эй давлати поянда, давлат ба сарат!
Сад гулхани ҷонафрўз дар синаи туст,
Оини авастоӣ оинаи туст.
Эй миллати тобанда, барҷо асарат!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё